"Равшан" бо шикасти "Истиқлол" дар садри аввал қарор гирифт
Тими «Равшан»-и Кӯлоб дар аввалин даври мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуд ва голи ягонаи дидорро Течи Соломон, легионери "Равшан", дар дақиқаи 38-ум ба ҳадаф расонд.
Бозиро мутахассисон аз Қирғизистон -- сардовар Дмитрий Машенсев (довари ФИФА) ва ёваронаш Сергей Гришенко ва Замир Чинибеков доварӣ карданд. "Равшан", ки шумораи имтиёзҳояш бо "Истиқлол" (24) баробар буд, ҳоло бо 27 имтиёз дар садри аввал қарор гирифт.
Бозии "Равшан"-у "Истиқлол" дар майдони марказии Кӯлоб баъд аз ду соли он баргузор шуд, ки бозии ин ду даста ба беназмиҳо печида, дар пайи он даҳҳо нафар боздошту ҷарима шуда буданд. Дар оғози бозии рӯзи 15-уми июн шаҳрдори Кӯлоб -- Абдуғаффор Раҳмлнов ҳамаи тамошобинонро, ки ҳудуди бист ҳазор гуфта мешаванд, хуш омадед гуфт ва барои бозигарон муваффақият хост.
Ҳайати дастаҳо чунин буд:
"Равшан" (Кӯлоб): 1. Рустам Ризоев, 25. Далер Тухтасунов (капитан), 26. Алексей Неъматов, 3. Содиқ Мӯсо, 8. Абдусамад Ҳоҷибаев, 4. Дэвид Мауто, 7. Сайриддин Ғаффоров, 9. Ҳикмат Расулов, 12. Ҳасан Рустамов, 22. Чарлз Тико, 10. Течи Соломон.
Бозигарони эҳтиётӣ: 16. Неъмат Тошев, 5. Одил Иргашев, 6. Бенҷамин Аманква, 14. Бахтиёр Ҳасанов, 11. Даврон Тухтасунов, 21. Нуъмон Ҳакимов, 20. Индус Ҳусейнзода.
"Истиқлол" (Душанбе): 16. Алишер Тӯйчиев, 3. Соҳиб Сувонқулов, 4. Эраҷ Раҷабов, 5. Аҳтам Назаров, 6. Наим Улмасов, 7. Иброҳим Рабимов, 10. Виллер Соуза Оливейра, 12. Ҷаҳонгир Эргашев, 18. Фатҳулло Фатҳуллоев, 17. Дилшод Восиев (капитан), 23. Александр Кудряшов.
Бозигарони эҳтиётӣ: 1. Никола Стошич, 2. Роберт Жилин, 9. Умедҷон Шарипов, 31. Орзу Додхудоев, 33. Артем Петренко, 14. Вайсиддин Сафаров