Дар Тоҷикистон афроди наздик ба мақомдорон ҳар мушкилу кори худро бо истифода аз ному мақоми онҳо ба осонӣ ҳал мекунанд. Агарчӣ ҳалли чунин мушкил барои сокинони одии кишвари кори саҳлу соддае нест. “Озодагон” аз се таҳлилгар ҷавоби ин суолро пурсид, ки чаро наздикони мансабдорон дастдарозанд?
Фирӯз Саидов, таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон:
“Аз мақоми мансабдорон сӯистифода кардани наздикону пайвандонашон ба мардуми мо аз замони Шӯравӣ мерос мондааст. Дар давлати Шӯравӣ ҳам буданд онҳое, ки аз мақоми дӯстонашон истифода карда, корҳои худро ба сомон мерасониданд. Ҳоло бошад, дар баъзе аз ҳолатҳо вазирону раисон намедонанд, ки дӯстону наздикони онҳо сӯистифода аз вазифаи эшон мекунанд. Аслан ин падида на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ идома дорад. Дар кишварҳои шарқӣ нисбат ба давлатҳои Ғарбу Аврупо ин раванд бештар ба чашм мерасад.”
Воҳидхони Қосиддин, як масъули ҲНИТ:
“Мутаассифона, ин кор ҳоло ба авҷ расидааст. Вазъият чуноне шуда, ки гӯиё ҳама кор барои дӯстон ва наздикони мансабдор дар Тоҷикистон раво бошад. Ҳамаи қонунро поймол мекунанд, барои манфиати худ, манфиати оила. Ин аст, ки сатҳи фасод дар кишвар афзоиш ёфта, боиси ба ақиб рафтани мо шудааст. Бо ин шаклу тафаккур мо ба ҳеч куҷо намеравем. Ин мушкил ҳалли худро он замон пайдо хоҳад кард, ки агар мансабдорони имрӯзаи давлатии мо курсии худро тарк кунанд. Шояд бо сари мансаб омадани кадрҳои ҷавон ва берун аз доираи тафаккури хешутаборчигӣ, тавонанд вазъиятро тағйир бидиҳанд.”
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеъ:
“Дар баъзе ҳолат мардуми мо аз он фахр ҳам мекунанд, ки гӯиё хешутабори тавоное сари курсӣ доранд. Одат ва ё худ менталитети тоҷикона шудааст. Имрӯз мебинем, ки дар кадом бахше набошад, наздикон, дӯстон ва пайвандони раисону вазирон корҳои худро осон “ҳал” мекунанд. Албатта, ин раванд пайомади хуб надорад. Ба назари шахсии ман, агар бахши иҷтимоии кишвар як каме беҳтар шавад, мушкили аслӣ ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Ҳоло тамоми мансабдорони мо як ҳадаф доранд, ин ҳам ба даст овардани манфиатҳои хеш бо роҳи муфт. Аз ин хотир барои бартараф кардани ин мушкил мо бояд бахши иҷтимоиро фаъол гардонем.”