ВИДЕО: Пешниҳоди гузоштани як кӯчаи Душанбе ба номи Аҳмад Зоҳир
Абдулазизи ВОСЕЪ
Бархе аз ҳаводорони Аҳмад Зоҳир, овозхони зиндаёди афғон, дар Душанбе пешниҳод карданд, ки яке аз кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шавад. Ин пешниҳод дар маҳфиле бахшида ба 67-солагӣ ва рӯзи шаҳодати Аҳмад Зоҳир садо дод, ки рӯзи 14-уми июн дар хонаи адибони Тоҷикистон бо ташаббуси Султони Ҳамад, яке аз пажӯҳишгарони ҳаёт ва эҷоди Аҳмад Зоҳир, ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистону Афғонистон” ва маҳфили ғайрирасмии дӯстдорони садои Аҳмад Зоҳир баргузор шуд.
Султони Ҳамад дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аслан алоқамандон ва дӯстдорони садои Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон моҳе як бор гирди ҳам омада, таронаҳои ӯро замзама ва аз дидаву шунидаҳояшон перомуни зиндагиномаи ӯ қисса мекунанд. Муаллифи китоби “Аҳмад Зоҳир - султони қалбҳо”, ки аз ҳаёт ва фаъолияти ин сарояндаи шинохта ҳикоят мекунад, афзуд, ояндаи наздик силсилаи нави пажуҳишҳояш дар мавриди таронаҳои Аҳмад Зоҳир таҳия ва тавассути нашрияи “Рӯзгор” нашр хоҳанд шуд.
Навори ёдбуди Аҳмад Зоҳир дар Душанбе:
Фурқати Саид, раҳбари ансамбли давлатии «Шашмақом» мегӯяд, «Аҳмад Зоҳир ҳамеша дар қалби дӯстдорони ҳунараш ҷовидонӣ аст. Садои вай, ки малакутӣ аст, онҳоеро ки ӯро куштаанд, ҳеч гоҳ ором намегузорад».
"АҲМАД ЗОҲИРРО ҲАФИЗУЛЛО АМИН КУШТА БУД"
Аҳмад Зоҳир 14-уми июни соли 1979 дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар доманакуҳҳои Соланг ҷон супурдааст. Аксарият мегуфтанд, Аҳмад Зоҳир кушта шудааст, аммо то имрӯз ҳеч касе фарди мушаххасеро дар марги ӯ муқассир намедонист. Савлатшоҳи Мерган, яке аз афғоншиносони тоҷик, ки солҳои тӯлонӣ дар Афғонистон кору зиндагӣ кардааст ва чандин бор бо Аҳмад Зоҳир мулоқот доштааст, мегӯяд, Аҳмад Зоҳир бо амри Ҳафизулло Амин, раисиҷумҳури вақти Афғонистон кушта шуд.
“Аҳмад Зоҳир ба Пули Хумрӣ барои ҳунарнамоӣ рафта буд. Дар Кобул овозаҳо паҳн шуд, ки ҳангоми бозгашт дар ағбаи Соланг ба садама дучор шудааст. Рӯзи ҷанозаи ӯ дар Кобул ҷои сӯзанпартоӣ набуд. Ин қадар одами зиёд ҷамъ шуда буд, ки ҳисоб надорад. Ман аввал ҷасад ва баъдан мошини Аҳмад Зоҳирро дидам. Ягон нишонаи садама набуд. Ягон ҷои мошинаш ҳатто харошида набуд”,-афзуд Савлатшоҳи Мерган.
Ба қавли ӯ, ба ҷуз аз Аҳмад Зоҳир се нафари дигар низ дохили мошин буд, ки осебе надида буданд: “Он замон фармони махсуси давлати Афғонистон буд, ки ба шаҳрвандони ин кишвар шиносномаи хориҷӣ дода нашавад. Аммо бо фармони Ҳафизулло Амин Вазорати умури хориҷӣ муваззаф шуд, ки ба ин як писар ва ду духтар, ки ҳамроҳи Аҳмад Зоҳир буданд, паспорти хориҷӣ бидиҳад. Баъдан, онҳоро аз кишвар берун бурданд, то қотили Аҳмад Зоҳирро ошкор накунанд. Баъди даҳ рӯзи марги ӯ як масъули баландпояи Афғонистон ба ман гуфт, ки Аҳмад Зоҳир бо фармони Ҳафизулло Амин ва боҷааш Саидовуди Тарун кушта шудааст. Ман пурсидам, ки чаро? Гуфт, ки духтари Ҳафизулло Амин Аҳмад Зоҳирро дӯст медошт ва дар консертҳояш ҳамеша ширкат ва рақс мекард”.
Савлатшоҳи Мерган мегӯяд, ӯ чандин бор бо Аҳмад Зоҳир мулоқот карда ва зиёд дар консертҳояш ширкат намудааст. “Дар толорҳо ҷои нишаст набуд. Аммо бо ин ҳама Аҳмад Зоҳир як инсони хеле оддӣ буд, такаббур ва ҳавобаландӣ надошт. Ин дар ҳоле, ки падараш садри аъзам ё раиси ҳукумати Афғонстон буда, муддате райиси парлумони ин кишвар буд ва ҳам ба ҳайси сафири Афғонистон дар Ҳиндустон кор кардааст.”
"Ӯ БАРОИ ҲАМАИ МО АЗИЗ АСТ"
Муҳаммаддовуди Иброҳимхел, муовини сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, мегӯяд, Аҳмад Зоҳир танҳо ба Афғонистон тааллуқ надошта, ҳунарманди маҳбуби Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон, Покистон, Туркия ва Ҳинд низ меошад. “Аҳмад Зоҳир номи кӯҳнае дар Афғонистон ва Тоҷикистон нест. Оҳангҳои ӯ ҳанӯз алоқамандони зиёде дорад. Дар Афғонистон ҳоло ҳам мухотабони бештарини радиоҳо оҳангҳои Аҳмад Зоҳирро фармоиш медиҳанд”,-илова кард ӯ.
Ҷӯрабек Назрӣ, ҳунарманд ва донишманди тоҷик гуфт, зиёд мехоҳад дар Душанбе баробари хиёбонҳои Рӯдакиву Шерозӣ хиёбоне бо номи Аҳмад Зоҳир пайдо шавад: “Муҳим нест, ки ӯ аз куҷо аст, муҳим ин аст, ки ӯ барои мо азиз аст.”
Аҳмад Зоҳир 34 сол қабл кушта шуд. Ӯ таҳсилоти худро дар риштаи таълиму тарбия дар Ҳиндустон такмил кардааст. Аҳмад Зоҳир мусиқии Шарқу Ғарбро бо ҳам омехт. Теъдоди таронаҳои хондаи ӯ марзи 400-ро гузаштааст. Барои нафаре, ки ҳамагӣ 33 сол умр дидааст, ин рақами хеле бузург мебошад. Матни бештари сурудҳои ӯ аз ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём, Бедил, Турсунзода, Лоҳутӣ, Фуруғи Фаррухзод ва даҳҳо шоири маъруфи дигар мебошад. Ӯ бо забонҳои дарӣ, пашту, англисӣ ва ҳиндӣ тарона иҷро кардааст.
Аҳмад Зоҳир чандин бор унвони «Беҳтарин овозхони соли Афғонистон»-ро соҳиб шудааст. Ӯро нобиғаи олами мусиқӣ ва “Султони қалбҳо” ва “Алмоси Шарқ” меноманд.