Зане дар Ашт шавҳарашро бо зарби “доскалла” ба қатл расондааст
Наврӯза Пардаева, як сокини 34-солаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ба гумони қатли ҳамсараш -- Шавкатҷон Пардаеви 36-сола боздошт гардида, ҳоло мавриди бозпурсӣ қарор дорад. Боздошти ин сокини Ашт дар пайи ёфт гардидани ҷасади беҷони шавҳараш сурат гирифтааст.
Мақомоти Раёсати умури дохилии Суғд мегӯянд, ҷасади Шавкатҷон Пардаевро субҳи 14-уми июни соли ҷорӣ дар бошишгоҳи саҳроии хоҷагии деҳқонии “Чорбоғ”-и ҷамоати деҳоти Меҳробод пайдо кардаанд, ки бар асари ҳашт зарбаи доскалла (асбобе монанд ба табар) кушта шудааст.
Ба қавли манбаъ, ҳоло дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи 104 (қисми 1)-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда ва Наврӯза Пардаева гумонбари аслии ин қазия мебошад.
Ин хонавода аслан сокинони ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт будаанд.