“Динамо” дар мусобиқаи ташкилкардаи вазир ғолиб шуд (АКС)
Бегоҳи имрӯз 14-уми июн, дар варзишгоҳи “Спитамен” намоишҳои варзишӣ ва дидори ниҳоӣ барои Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон, ки бо ташаббуси вазири корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимов ташкил шуд, баргузор гардид.
Дар пайи намоиши намудҳои гуногуни варзиш ва баромади ҳунармандон, футболбозони дастаи “Фароз”-и ширкати Фароз бо дастаи “Динамо”-и Вазорати корҳои дохила, вориди қувваозмоии ниҳоӣ гардиданд.
Бозигарони дастаи “Фароз” дар нимаи аввали дидор ба дарвозаи рақибонашон ду гол заданд аммо довари марказ ҳардуи голро офсайт гуфта, ба ҳисоб нагирифт ва нимаи аввали сабқат бо ҳамин анҷом ёфт. Дар нимаи дуюми дидор бозигарони дастаи “Динамо” ба дарвозаи ҳарифонашон як гол заданд ва бо ҳисоби 1:0 ғолиб дониста шуданд.
Ин мусобиқа байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон оид ба футбол ва футболи хурд аз 11-уми май то 14-уми июни соли равон идома дошт. Дар ин сабқат зиёда аз 36-даста, аз он ҷумла, дар мусобиқаи футбол 14-даста ва дар мусобиқаи футболи хурд 22 даста барои соҳиб шудан ба шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави тамғаи “Хундай-Аксент” ва Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол қувваозмоӣ карданд.
Инчунин, аз ҷониби комиссияи тадорукоти Вазорат дар мусобиқа тӯҳфаҳои хотиравӣ ба бозингарони беҳтарин ва дастаҳои ғолиби футбол ва футболи хурд тақдим карда шуд.