Роғун дар сӯҳбати Э.Раҳмон+С.Кумар & Н.Назарбоев+И.Каримов
Дар рӯзе, ки Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон бо ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев дар бораи тақсими захоири оби минтақа ва тарҳи Роғун сӯҳбат карданд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷмуҳури Тоҷикистон, низ бо Сароҷ Кумар Ҷа, як масъули Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи ташхиси сохтмони Роғун мулоқот анҷом дод.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 14-уми июн бо Сароҷ Кумар Ҷа, раҳбари минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ, мулоқот карда, мавзӯи ташхиси тарҳи бунёди Роғунро баррасӣ намудааст. Бино ба хабари дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Сароҷ Кумар Ҷа гуфтааст, Бонки Ҷаҳонӣ ташхиси фанниву зистмуҳитии тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро “босифат, шаффоф ва ба таври мустақил дар ояндаи наздик ба поён мерасонад.”
Тоҷикистон ду сол пеш дар пайи мухолифатҳои шадиди Тошканд маҷбур шуд, ташихиси ин тарҳи бузургро дар ихтиёри коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бигузорад. Эмомалӣ Раҳмон ва Сароҷ Кумар Ҷа дар баробари тарҳи сохтмони Роғун инчунин таҳияи стратегияи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки Ҷаҳонӣ барои чаҳор соли оянда, татбиқи лоиҳаҳои минтақавии хатти барқии CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистонро баррасӣ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин рӯз раҳбарони Узбакистон ва Қазоқистон дар нишасти муштараки иттилоотияшон дар Тошканд дар бораи тарҳи Роғун ва тақсими захоири оби минтақа низ сӯҳбат карданд. Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон изҳор доштааст, “имрӯз мо мавқеи якхелаамонро нисбати низоми боадолатонаи истифодаи об дар минтақа тасдиқ кардем. Ҳамаи мушкилоти обию энержӣ бояд дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти манофеи тамоми кишварҳои минтақа ҳал гарданд.”
Каримов махсусан нерӯгоҳҳои барқи обии “Роғун”-и Тоҷикистону “Қамбарота”-и Қирғизистонро зикр карда, таъкид намудааст, ки “чунин иншооти бузурги обӣ дар болооби дарёҳо бояд, ҳатман аз ташхиси байналмилалӣ таҳти назари Созмони Милал гузаранд ва бо кишварҳои поёноб мувофиқа шаванд.” Ӯ бори дигар садди Роғунро бо баландии 335 метр ва Қамбаротаро бо 250 метр баландӣ, “гигантӣ” унвон карда, таъкид намудааст, бунёди онҳо дар мавқеи зилзилахези то 9-10 бал дар назар аст.
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар навбати худ таъкид кардааст, ки дар бахши обу энержӣ вазъи мураккаб ҳукмфармост: “Муносибату мавқеъҳои мо бо Узбакистон дар бисёри масъалаҳо, аз ҷумла масоили обӣ яксон аст. Мо ба ҳамсояҳоямон паёми дустӣ мефиристем, ки ин мушкилотро бояд дар ҳамдастӣ тавассути муколама ҳал кунем, на мухолифат.”Дар баробари ин, Назарбоев изҳор доштааст, ки кишварҳои ҳамсоя талош доранд тавассути бунёди нерӯгоҳҳо мушкили иқтисодияшонро ҳал кунанд: “Мушкилотро ҳамаи кишварҳо доранд, аммо онҳо набояд аз ҳисоби дигар давлатҳо ҳал гарданд.”
Раисиҷумҳури Қазоқистон кишварҳоеро мисол овардааст, ки дар истифодаи обҳои фаромарзӣ муваффақ шудаанд ва дар шароити Осиёи Миёна низ гуфтушуниду манофеи тарафайн бояд кор бурда шаванд. Назарбоев дар муроҷиат ба кишварҳои болооб гуфтааст, “ташхис гузаронед ва моро мутақоид созед. Ин ҷо гап сари Каримову Назарбоев нест. Мо бояд мардумро бовар кунонем, ки онҳо зери об намемонанд, ё деҳқон беоб намемонад. Дар ин ҳол мо омодаем, ба истиқболи Шумо бароем.”