Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, ҳизбҳо то 2020 дар фикри курсӣ набошанд
Сӯҳроб Шарифов, узви Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳизбҳои сиёсӣ бояд дар бораи он биандешанд, ки Тоҷикистонро баъд аз соли 2020 чӣ интизор аст.
Он соле, ки ба қавли Шарифов, раисиҷумҳури кунунӣ -- Эмомалӣ Раҳмон функсияи худро аз рӯи Қонуни асосӣ ҳамчун президент тамом мекунад. “Ҳизбҳо барнмоаҳоеро бояд таҳия кунанд, ки баъд аз соли 2020 чӣ гуна давлатро мехоҳанд бисозанд”,-гуфт Сӯҳроб Шарифов дар сӯҳбат бо “Озодагон”.
Мусоҳиби мо дар идома афзуд, ҳарчанд ҳизбҳои сиёсӣ аз низоми идораи давлат аз ҳукумати феълӣ интиқоди зиёд мекунанд, аммо худашон то ҳоло ҳеч барномаи комили алтернативӣ надоранд ва пешниҳод ҳам накардаанд. “Ҳизбҳои сиёсии мо бештар аз фишору монеаҳо шикоят мекунанд, ки он ба фарёди кӯдакона монанд аст. Дар ҳеч низоми давлатдорӣ чунин набуд, ки роҳи мухолифин бояд содаву ҳамвор бошад”,-афзуд ӯ.
Ин ҳарфҳо дар ҳоле гуфта мешаванд, ки Тоҷикистон, қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор кунад. То ҳоло танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон гуфтаст, ки бо номзади худ дар ин интихобот ширкат меҷӯяд, ки он ҳам раисиҷумҳури кунунист. Аҳзоби дигар ҳанӯз мунтазири онанд, ки санаи баргузории интихобот эълон бишаваду онҳо анҷумани худро баргузор ва дар он тасмим бигиранд, ки дар кадом шакл дар ин интихобот иштирок хоҳанд кард.
Тӯли бист соли охир Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад. Дар сурати иштирок ва интихоб шуданаш дар интихоботи моҳи ноябр ин чаҳорумин бор хоҳад буд, ки ӯ ба курсии президентӣ такя мезанад.