Рӯзи фарорасии Рамазон баъд аз 20-уми июн дақиқ мешавад
Рӯзи дақиқи фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 20-уми июн, дар нишасти Шӯрои уламои Маркази исломӣ, рӯшан хоҳад шуд. Шӯрои уламо, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон аст, ки оғозу иди моҳи шарифи Рамазон ва рӯзи иди Қурбонро мушаххас мекунад.
Бо ин ҳол, аз Шӯрои уламо ба “Озодагон” гуфтанд, бино ба тахмини онҳо моҳи шарифи Рамазон имсол эҳтимол рӯзи нуҳуми июл оғоз ёфта, ҳаштуми август ба поён бирасад. “Албатта, ин санаи дақиқи моҳи шарифи Рамазон нест. Ин танҳо як тахмин аст. Дар сурати дақиқ шудани замони фарорасии моҳи Рамазон ҳатман сокинонро тавассути телевизион ва радиову матбуот огоҳ хоҳем кард”,-афзуд манбаъ.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамар ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Соли гузашта дар Тоҷикистон моҳи Рамазон 20-уми июл оғоз гардида, иди Фитр 19-уми август таҷлил шуда буд.