Сайёфи Мизроб: "Лӯлиҳоро дигар тоҷик нанависед..."
Ҳумайрои БАХТИЁР
Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи “СССР”, дар маҳфили навбатии “Муколамаи тамаддунҳо”-и Иброҳим Усмонов (рӯзи 13 июн) пешниҳод кард, ки дигар миллати лӯлӣ ё ҷӯгиҳоро “тоҷик” нанависанд. Дар ҳоле ки ба қавли сардабири “СССР”, маҳз бо айби лӯлиҳо дар Русия обрӯву эътибори тоҷикон камтару камтар мешавад.
Сайёфи Мизроб дар ин маҳфил, ки бештар дар бораи худшиносии миллӣ сӯҳбат мекард, афзуд, “бигзор, мақомот онҳоро лӯлӣ нависанд. Охир, онҳо аз ҷӯгӣ будани худ ор надоранд”.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, ки низ дар ҳамин маҳфил иштирок дошт, гуфт, чанд лӯлӣ наметавонад ба нуфузи миллати тоҷик таъсири манфӣ расонад. “Агар мо 60 дарсади шаҳрвандонро бо зиндагии шоиста таъмин бикунем, пас, даҳҳо ҳазор лӯлӣ ва ё ҷӯгӣ ба мо, чеҳра ва худшиносии мо таъсире нахоҳад дошт”,-афзуд ӯ.
Раҳбари ҲНИТ дар идома афзуд, "дар Русия "сиган"-ҳо ҳам ҳастанд, ки ба имиҷи русҳо ҳеч таъсир намерасонанд. Дар Аврупо романиҳо ҳастанд, ки онҳо ҳам ҳеч таъсире намерасонанд. Вале чун имиҷи мо дар маҷмӯъ комил нест, дарди худкамбинӣ дорем, мехоҳем айби худамонро бар дӯши чанд лӯлӣ гузорем.”
Оқои Кабирӣ аз артиши Шӯравии пешин мисол оварда ва гуфт, он замон мағруртарин мардум тоҷикону чеченҳо буданд ва назди касе сар хам намекарданд: “Имрӯз чеченҳо ғурурашонро ҳифз кардаанду мо тоҷикҳо не. Зеро чеченҳо дар дохили кишвари худ ғурурашонро ҳифз карданд, вале он ғурури тоҷик дар дохили Тоҷикистон ҳифз нашуд.”
Ӯ ин суолро ҳам дар миён гузошт, ки вақте тоҷик дар ватанаш мағруру худшинос нест, аз тарафи мақомоту ҳамватани худ ғурураш поймол мешавад, пас, чӣ гуна метавонад дар Русия боғурур бошад?
Бо ин ҳама, дар охири маҳфили "Муколамаи тамаддунҳо" Сайёфи Мизроб изҳор дошт, ки ҳоло ӯ дарди худро фаҳмидааст ва он ҳам маҳалчӣ будани ӯст. “Аз ин пас ман дигар маҳалчӣ не, миллатчиям. Мо он замон пеш хоҳем рафт, ки агар иштибоҳ ва норасоии худро дарк карда, барои ислоҳи он талош кунем. Аксарияти мо маҳалгаро буда, миёни мардуми тоҷик ҳамоно ақидаҳои ҷудоиандозӣ миёни миллат вуҷуд дорад”,-таъкид дошт ӯ.
Дар акс: Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи "СССР"