Видео: IRS роҳи вайроншудаи Душанбе-Чаноқро "дарбеҳ” мекунад
Ширкати Иноватив Роуд Солюшнз (IRS) ба таъмиру тармими қисмате аз роҳҳои вайроншудаи Душанбе-Чаноқ, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, оғоз кардааст. Ин роҳ се сол боз дар ихтиёри IRS қарор дорад ва ин ширкат бо гузоштани шаш тарозу аз ронандагон вобаста ба тӯл ё дарозии роҳҳо пул меситонад.
Бунёди ин роҳ бо сармояи Чин ва тавассути коргарони чинӣ се сол пеш анҷом шуда, тоза (нав) аз сӯи IRS мавриди таъмир қарор мегирад. Ин ширкат дар торнамои худ навишта, ки ба далели шурӯи таъмири роҳҳо маҳдудият дар ҳаракати мошинҳо пеш омада ва ин маҳдудият то 1-уми июли соли ҷорӣ идома хоҳад кард. “Аз соати 08:00 то 11:00 ва аз соати 12:00 то 16:00 ҳаракати мошинҳо дар километри 138-ум то 160-ум манъ карда мешавад”,-таъкид шудааст дар торнамои IRS.
Ҳамкори “Озодагон” дар Хуҷанд низ ҳангоми сафараш ба ноҳияи Айнӣ бархе аз қисматҳои рощи Душанбе-Чаноқро наворбардорӣ кардааст, ки барои “дарбеҳкунӣ” омода шудаанд. Ва ҳоло ин навор: