Зайд Саидов гуфтааст, оҷилан ба кӯмаки табибон ниёз дорад
Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, ки айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амният нигаҳдорӣ мешавад, дар номае ба наздиконаш хабар додааст, ки фавран ба кӯмаки духтур ниёз дорад.
Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеи Зайд Саидов дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, имрӯз, 14-уми июн, Саидов, ба дасти писараш, ки ба ӯ чизҳои зарурӣ бурдааст, варақае дода, дар он аз бад шудани вазъи саломатияш хабар дода, таъкид кардааст, ки фавран ба кӯмаки духтур ниёз дорад.
Қудратов мегӯяд, фелдшери боздоштгоҳи муваққатӣ наметавонад ба зерҳимояаш дар сатҳи лозима хидмат расонад.
Вакили мудофеъ афзуд, ки “муфаттиши парванда ваъда дод, имрӯз барои мулоқоти Зайд Саидов бо адвокатҳо иҷоза хоҳад дод. Мо талош мекунем, ки Зайд Саидов пурра аз муоинаи табиб гузаронида шавад, чун ӯ аз рӯзи аввали боздошташ ба духтур ниёз дошт, вале мақомот иҷозаи ташхисаш намедоданд.”
Ин дар ҳолест, ки Зайд Саидов аз қабл аз дарди захми меъда ранҷ мебурдааст ва баъди боздошт, он якбора хуруҷ кардааст.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар қаллобӣ, гирифтани ришва, сӯиистифода аз мақом ва серзанагӣ муттаҳам мешавад.