«Қирғизистон захираи хунашро ба кишварҳои дигар намедиҳад, ин як бахши амнияти миллӣ аст»
Маркази ҷумҳуриявии хуни Қирғизистон ҳамеша захираи лозимаи хунро дорад. Ба ҷуз ин захираи хун барои ҳолатҳои фавқуллода низ мавҷуд аст. Дар ин бора Бакит Қарабоев, мудири кулли ин марказ хабар додааст.
Номбурда, ки дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун суҳбат мекард, гуфтааст, аз баски Маркази ҷумҳуриявии хун иншооти муҳим аст, ҳаҷми дақиқи хуни захираро наметавонад ошкор созад.
Аммо Бакит Қарабоев аз нарасидани донорҳои хун изҳори нигаронӣ кардааст. Тибқи тавсияи Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба ҳар ҳазор аҳолӣ бояд аз 40 то 60 донор рост биёяд, аммо дар Қирғизистон ин нишондод хеле кам буда, ба ҳазор нафар танҳо шаш донор дуруст меояд. «Ба ин хотир мо аксияҳои мухталиф баргузор мекунем, то таваҷҷуҳи шаҳрвандон, созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба ин масъала ҷалб созем. Онҳо бояд аз ин мушкил хабар дошта бошанд. Ин проблема барои он пайдо мешавад, ки доруҳои аз хун омодашаванда, танҳо аз хуни инсон таҳия мешаванд. Чунин мушкил на танҳо дар Қирғизистон, балки дар тамоми ҷаҳон вуҷуд дорад», - гуфтааст мудири кулли Маркази ҷумҳуриявии хуни Қирғизистон.
Ӯ илова кардааст, ки донорҳо сарвати давлатанд ва агар рафту дар кишвар кадом як ҳолате сар занад, ҳеч ҷумҳурии дигар хуни худашро намедиҳад: «Қирғизистон захираи хунашро ба кишвари дигар намедиҳад ва ин яке аз бахшҳои амнияти миллӣ аст».