Як хонавода дар Ваҳдат шабро дар истгоҳ рӯз кардааст
Мақомоти ноҳияи Ваҳдат рӯзи 13-уми июн, баъд аз нисфирӯзӣ манзили сокини деҳаи Фириштии ин ноҳия, Сабоҳат Бобиеваро тахриб намуднд, ки дар пайи ин соҳибхона бо 3 фарзандаш шаби гузашта дар истгоҳ хоб рафтаанд.
Қутбиддин Бобиев, яке аз наздикони Бобиева имрӯз 14-уми июн дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, аз ин амали мақомот соҳибхона сахт нигарон шуда, ҳоло умедаш танҳо президент аст ва айни ҳол барои муроҷиат ба назди раёсати ҷумҳур рафтааст.
Ин мусоҳибамон иброз дошт, ки тақрибан соатҳои 16-и баъди нисфирӯзӣ 5-6 милитсия омада бо «кран» хонаи Бобиеваро ҷаппагардон намудаанд: «Инҳо пул қарз гирифта хонаашонро сохта буданд. Ҳоло шавҳараш дар Русия мебошад».
Бино ба иттилои манбаъ, масъулини ҳукумати Ваҳдат барои он хонаи истиқоматии Сабоҳат Бобиеваро тахриб намудаанд, ки гуё он ғайриқонунӣ сохта шудааст: «Лекин ӯ ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаро барои сохтмони хона дорад». Чанд тани дигар аз сокинони Ваҳдат низ бо “Озодагон” дар тамос шуда, хабар доданд, ки имрӯз, 14-уми июн мақомот ба тахриби як хонаи дигар шурӯъ намудаанд.
Ин бори аввал нест, ки сокинони Ваҳдат аз тахриби хонаҳояшон аз ҷониби мақомот изҳори нигаронӣ менамоянд. Чанде қабл, аниқтараш бегоҳии 29-уми майи соли ҷорӣ қисме аз манзили сокини ноҳияи Ваҳдат, кӯчаи “20-солагии истиқлолият” (Туғдона) -- Мушаррафа Шарифоваро мақомот чаппагардон карда буданд. Мақомот далел пешниҳод мекунанд, ки хонаҳо ғайриқонунӣ сохта шудаанд, аммо сокинон мегӯянд, ҳуҷҷатҳои аз мақомот гирифтаро дар даст доранд.