Кӯдакдузд суроғаи ду мактаби ғайриқонунии диниро ифшо кардааст
Абдусалом Раҷабов, як сокини 48-солаи ноҳияи Шаҳринав, ки чанд рӯз қабл бо иттиҳоми кӯдакдуздӣ дастгир шуд, суроғаи ду мактаби ғайриқонунии диниро ифшо кардааст.
Маҳмудулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо нишондоди Раҷабов Абдусалом муайян шуд, ки “дар ноҳияи Ҳисор, ҷамоати Сомон шаҳрванд Маҳмудов Мансур бо тахаллуси «Шайх-Мансур», соли таваллудаш 1941 ноболиғони зиёдеро ба таълимоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифта, онҳоро дар манзили истиқоматии худ, дар шароити ғайрисанитариву ғайригигиенӣ нигоҳ медоштааст, ки ноболиғони мазкур муддатҳои тӯлонӣ, дур аз таълиму тарбия ва дар ҳолати бади рӯҳиву равонӣ қарор доштаанд.”
Ҳамчунин тибқи нишондоди Раҷабов Абдусалом дар ноҳияи Шаҳринав чунин як далел ошкор карда шуда, шаҳрванд Ҳодиев Мубинхон Асадхонович соли таваллудаш 1968, бо тахаллуси «Қорӣ Мубин» боздошт карда мешавад, ки ӯ шаш нафар ноболиғонро дар манзили истиқоматии худ, айнан дар чунин шароитҳои ногувори зикргардида нигоҳ дошта, ба таълимоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифтааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бепарвоиву бемасъулиятии падару модарон боис ба кӯчагардиву бедарак гардидани ноболиғон, рабудашудани онҳо аз ҷониби ашхоси ҷиноятпеша, ғорат гардидани ҷавоҳироту ашёҳои қимматноки онҳо ва аз ҳама бад ба таълимоти ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудани онҳо ва дур мондан аз таълиму тарбия ва омӯзиш дар мактабҳои таҳсилоти умумии миёна мегардад, ки қонунгузорӣ онро ҳатмӣ эълон намудаааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зикр мекунад, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 11-уми июн Абдусалом Раҷабов, соли таваллудаш 1965, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Тоштеппаи ноҳияи Шаҳринав (соли 2010 бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст)-ро дастгир карда, чор кӯдак, аз ҷумла ноболиғ Муҳаммадҷони Абдуҷабборро ба волидайнаш баргардонидаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар вақти гузаронидани санҷиш маълум шуд, ки Абдусалом Раҷабов рӯзи 8-уми июн дар шаҳри Қурғонтеппа низ ноболиғон Хусрав Орифҷонов, соли таваллудаш 2004, Фаррухҷон Орифҷонов, соли таваллудаш 2003 ва Фозилҷон Буриев, соли таваллудаш 2002-ро бо баҳонаи чидани гелосу олу ҳамроҳи худ ба ноҳияи Бохтар бурдааст. Худи ҳамон рӯз аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони мазкур муайян ва дарёфт шуданд.
Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки “зимни таҳқиқи ҳодиса муайян карда шуд, ки Абдусалом Раҷабов бемории руҳӣ дошта, дар беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои руҳӣ бо хулосаи “Маҷзубияти параноиди равандаш бетанаффус” дар қайд мебошад.