ЮНИСЕФ аз афзоиши ҳолатҳои марги кӯдакон дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард
Дар се моҳи моҳи соли равон ҳолатҳои марг ва захмӣ шудани атфол дар Афғонистон дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда, 27 дар сад афзоиш ёфтааст. Дар ин бора ЮНИСЕФ, Фонди кӯдакони СММ хабар медиҳад.
Дар гузориши ЮНИСЕФ гуфта мешавад, бештари ҳолатҳои марги кӯдакон дар қаламрави Афғонистон бар асари ҳамла ба мактабҳо, инфиҷор ва оташсузӣ сурат гирифтааст: «Ҳамчунин, ҳолатҳои рабудан ва қатли кормандони бахши маориф бо таҳдиди бастани мактабҳо ба қайд расида, дар 10 ҳолат мактабҳо бо ҳадафи ҳарбӣ истифода шудаанд».
Дар гузориши Фонди кӯдакони СММ омада, ки ҳаёт ва саломатии ноболиғон дар Афғонистон дар робита ба истифодаи онҳо ба сифати маргталаб низ хеле ташвишовар аст.
«Дар оғози ҳамин моҳ кӯдакон чанд маврид қурбони ҳамлаҳои мусаллаҳона қарор гирифтанд. Масалан, инфиҷор дар бозори музофоти Пактия ҷони 10 хонандаи мактабро гирифт. Таркиши мушак дар Қундуз сабаби марги 2 ноболиғ гардид ва се тани дигарро захмӣ кард. Ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Кунор се кӯдакро кушта ва дар Қандаҳор ҷангиён сари ду наврасро аз тан ҷудо карданд. Ба ҷуз ин бар асари таркиши минҳои сари роҳи чанд тифл ба ҳалокат расид»,-меафзояд ЮНИСЕФ.
Намояндаҳои Фонди кӯдакони СММ аз ҳама ҷонибҳои низоъҳои мусаллаҳона дар Афғонистон хостаанд, ки тамоми талошҳоро барои таъмини амният ва ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон равона созанд.