Бритониё солона ба Қазоқистон то 400 ҳазор доллар пардохт хоҳад кард
Нурсултон Назарбоев, райиси ҷумҳури Қазоқистон зери қонун «Дар бораи таъмини транзити таҷҳизоти ҳарбӣ ва низомиёни Бритониёи Кабир тавассути қаламрави Қазоқистон» имзо гузошт.
Қаблан хабар дода мешуд, ки Қазоқистон барои транзити борҳои ҳарбии Бритониё аз тариқи қаламраваш солона 300-400 ҳазор доллар меситонад. Гуфта мешавад, ҳаҷми маблағ аз парвоз, навъ ва вазни борҳо вобаста аст.