Муфаттиши парвандаи З.Саидов аз адвокатҳо “мегурезад”
Фирӯз Холмуродов, сардори гуруҳи тафтишотии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Зайд Саидов, як ҳафта боз аз мулоқот бо вакилони мудофеи боздоштшуда мегурезад.
Дар ин бора Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеъи Зайд Саидов, бегоҳи 13-уми июн, дар сафҳаи фейсбукияш хабар додааст.
Қудратов менависад, Фирӯз Холмуродов, ки ҳамзамон муовини сардори раёсати тафтишотии Оҷонсии зидди фасод мебошад, як ҳафта боз ба зангҳои телефонии вакилон ҷавоб намедиҳад: “Зимни ҳузур дар утоқи кориаш ҳам бо ҳар баҳона адвокатҳоро қабул намекунад. То ҳол ба ягон дархости ирсолкардаи вакилони мудофеъ, аз ҷумла барои иҷозаи мулоқот бо Зайд Саидов ҳам посух надодааст, ки мухолифи қонунгузории Тоҷикистон аст.”
Қудратов ин қонунвайронкунии масъули воломақоми Оҷонсии зидди фасодро зикр карда, суол мегузорад, ки “оё дар ҳамин ҳол месазад, ки тафтишоти мунсифонаи қазияи Зайд Саидовро интизор шуд?”
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар қаллобӣ, гирифтани ришва, сӯиистифода аз мақом ва серзанагӣ муттаҳам мешавад.