Ёдбуди “Есенин”-и бадахшӣ дар Маркази исмоилияи Душанбе (САДО)
Рӯзи якшанбеи 16-уми июн дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе ёдбуди шоир ва сарояндаи машҳури Бадахшон, Лидуш Ҳабиб баргузор мегардад, ки дӯстон ва ҳаводоронашро гирди ҳам меорад.
Шоир Лидуш Ҳабиб, ки номи аслиаш Алидоншо Шораҳматуллоев мебошад, 2-юми майи соли 1963 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудааст ва аз овони донишҷӯӣ бо хониши шеърҳояш (САДО) тариқи гитара маъруф гардида ва дар берун аз вилоят низ ҳаводорони зиёдро пайдо кардааст. Ҳаводоронаш мегӯянд, гарчанде Лидуш Ҳабиб танҳо бо забони шуғнонӣ, яке аз забонҳои помирӣ суруд мехонд, барои донандагони забонҳои дигар низ дарки эҷодиёти ӯ мушкилие намеорад. Ӯ 22-юми июли соли 2002 аз олам гузаштааст.
Давлат Худоназаров, коргардони шинохтаи тоҷик ва коршиноси умури фарҳанг дар ёди Лидуш Ҳабиб мегӯяд, хизматаш барои зинда нигоҳ доштани забонҳои помирӣ аз ҷумла шуғнонӣ баробари хизмати Пушкину Есенин барои забони русӣ ва хидмати Лоиқ Шералӣ барои забони тоҷикист.