Мансабдорон барои иҷро накардани корҳои бехатарӣ 17.135 сомонӣ ҷарима шуданд
Барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар саноат 41 нафар шахсони мансабдори корхонаҳои мухталифи Тоҷикистон ба ҷавобагарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Саврвари саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Ҷумъаев мегӯяд, ин шахсон бо камбудиҳои ҷиддӣ роҳ додаанд ва мутобиқ ба кодекси ҳуқуқйронкунӣ ҷарима мешаванд. Аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ва дастури вазифавӣ аз ҷумла устои калони ҶСШК «Роғунэсстрой» Шоҳбадал Сафаров бо маблағи 1 400 сомонӣ, Мунаваров, як масъули ҶСК «Тоҷикнақбсоз» бо маблағи 1435 сомонӣ ҷарима шудаанд
-Бо сабаби иҷро накардани дастурамалҳои вазифавӣ, суст кардани назорат ҳангоми иҷроиши корҳои техникӣ бошад, сардори қитъа №1-и ҶСК «Тоҷикнақбсоз» Сулаймон Ҳакимов 350 сомонӣ, сардори қитъаи ҶДММ «Самт-2» 600 сомонӣ, барои дағалона вайрон кардани меъёр ва дастурамалҳо, сармуҳандиси ҶДММ «Заводи сементбарории ба номи Самадов» Неъматов М. 1400 сомонӣ, сардори ТБ ҶСК «ГОК Адрасмон» Тоҷиев К. 800 сомонӣ ҷарима хоҳанд супорид, афзуд Ҷумъаев.
Гуфтанист, маблағи умумии ҷарима тайи шаш моҳи соли равон 17 ҳазору 135 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба «Озодагон» аз саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва кӯҳкорӣ иттилоъ доданд. {jathumbnail off}