Муроҷиати муфтии Тоҷикистон ба сокинони Файзобод
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони ноҳияи Файзобод хостааст, ки нагузоранд, ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои исломии сиёсӣ пайванданд.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода манзур аз ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии исломиро шарҳ надода, вале афзудааст, “дини ислом марбути ҳеҷ як созмону ҳаракат нест ва набояд ба манфиати гуруҳе ҳам истифода бишавад.”
Ин ҳарфҳо дар ҷараёни мулоқоти муфтии Тоҷикистон бо масъулони ҳукумат, шуъбаи умури дохилӣ, имомхатибони масоҷиди ҷомеъву панҷвақта ва ҷавонону занони Файзобод садо додааст. Як манбаъ ба “Озодагон” гуфт, мулоқот рӯзи 12-уми июни соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Меҳробод сурат гирифта, дар он раиси Шӯрои уламоро Ҷумъахон Ғиёсов, муовини аввали раиси Кумитаи дин, низ ҳамроҳӣ мекард.
Ба қавли манбаъ, дар ин мулоқот як сокини Файзобод дар бораи таълими дини ислом дар мактабҳои миёнаи кишвар аз Ҷумъахон Ғиёсов суол кардааст. Муовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон гуфта, ки барои таълими асосҳои дини ислом дар мактабҳои миёна китоби махсусе омодаи чоп аст ва базудӣ таълими он дар мактабҳо ба роҳ монда хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки ду сол қабл мақомоти Вазорати маорифи Тоҷикистон таълими фанни Маърифати исломро дар мактабҳо манъ карданд. Мақомот гуфтанд, ин китоб камбудҳои ҷиддӣ дорад, ки бояд таҳриру бозбинӣ шуда, дигарбора рӯи чоп ояд.
Дар акс: Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон