Марзбонҳои узбак чупонҳои қирғизро лату куб ва гусфандҳоро бо худ бурдаанд
Марзбонҳои узбак се чупонҳои навраси қирғизро лату куб намуда, гусфандҳои онҳоро бо худ бурдаанд. Ин ҳодиса 11-уми июн дар ҷазирақаламрави Сух, дар рустои Таяни вилояти Боткенти Қирғизистон ба вуқӯъ пайвастааст.
Наздикони ин наврасон гуфтаанд, ҳодиса замоне рух додаст, ки онҳо дар наздикии марзи муштарак бо Узбакистон гусфанд мечарондаанд. Сарҳадбонҳои узбак наврасонро лату куб карда, ҳамаи 10 гусфандро бо худ бурдаанд.
«То кай чунин аҳвол идома мекунад? Барои чӣ мақомот алайҳи ин беқонуниятии шаҳрвандони кишварҳои дигар садо баланд намекунанд?», - шиква кардаанд волидони наврасони лату куб шуда.