ИБРОҲИМ УСМОНОВ
Профессор Иброҳим Усмонов соли 1948 дар деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ва соли 1971 шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм мекунад.
Фаъолияти кориро дар нашрияи «Тоҷикистони советӣ» оғоз кардааст. Соли 1976 аспирантураро дар Доншгоҳи ба номи Ломоносови Маскав ба анҷом расонида ва худи ҳамон сол рисолаи номзадиашро дифоъ мекунад.
Аз соли 1981 то 1984 дар Донишгоҳи шаҳри Кобул фаъолият мекунад. Соли 1988 декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон интихоб мешавад. Дар соли 1993 муовини раис ва сипас раиси Кумитаи Радио ва телевизион таъин мегардад.
Ду навбат вакили парлумон интихоб шуда сипас, мушовири давлатии раиси ҷумҳурӣ ва ниҳоят муовини вазири фарҳанг таъин мешавад. Ҳоло раҳбари Бунёди ҷамъиятии “Муколамаи тамаддунҳо”-ст.
Доктори илмҳои таърих. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд.