Ифтитоҳи китобхонаи шахсии Раҳими Мусулмониён
Раҳими Мусулмониён, адабиётшиноси маъруфи тоҷик, 4 ҳазор китоби шахсияшро ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуда, гӯшае аз ин маконро ба худ ихтисос дод.
Ин маросим рӯзи 13-уми июн дар Китобхонаи миллӣ бе ҳузури худи Раҳими Мусулмониён доир гардид. Дӯстони оқои Мусулмониён гуфтанд, ӯ гирифтори фаромӯшхотирист ва аз ин рӯ натавонистааст, ба ин маросим биёяд.
Носирҷон Салимов, раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон, гуфт, Раҳими Мусулмониён чандин сол дар Эрон зистааст ва бештари китобҳои ӯ дар онҷо маҳфузанд. Вай афзуд, “интиқоли он китобҳо барои Тоҷикистон осон нест, аммо талош мекунем, китобҳои Мусулмониёнро ба Китобхонаи шахсии ӯ дар гӯшае аз Китобхонаи миллӣ оварда гузорем.”
Ба қавли Ҳуриннисо Ализода, муовини раиси Китобхонаи миллӣ, чаҳор ҳазор китоби Раҳими Мусулмониён дар толори “Рисолаҳои илмии китобхона” ҷойгир карда шудаанд ва минбаъд мавриди баҳрабардории олимону донишмандон қарор мегиранд.
Раҳими Мусулмониён, адабиётшиноси маъруфи тоҷик, дар оғози солҳои навадум дар саргаҳи ҷунбишҳои озодихоҳу истиқлолталаб меистод. Ӯ ба дунболи ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро тарк карда, дар Эрон зистааст. Ҳоло ӯ дар Душанбест.