Нашри рӯйхати муҳоҷирони фавтидаи тоҷик дар Маскав
Торнамо ё сайти Ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик” феҳристи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки давоми соли 2012 дар ҳудуди пойтахти Русия ба ҳалокат расидаанд, нашр кардааст.
ИН РӮЙХАТ АЗ 428 НОМ ИБОРАТ БУДА, дар он соли таваллуд, ҷои иқомат, сана ва сабаби марги муҳоҷирон навишта шудааст. Бино ба ин феҳрист, бештари муҳоҷирон бар асари садама ва беморӣ фавтидаанд.
Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик” навиштааст, дар феҳрист танҳо ному насаби онҳое оварда шудаанд, ки пайвандонашон барои кумак ба волонтёрҳои созмони онҳо муроҷиат кардаанд.
“Барои ман сабаби марги ин афрод муҳим нест. Марги ҳар шаҳрванди Тоҷикистон барои ман зарбаи сангин аст. Тасмим гирифтам, дар сомонаи “tajmigrant” ва рӯзномаи “Голос таджикистанцев” феҳристи муҳоҷирони фавтидаро нашр намоям. Ҳамчунин аз «Овози тоҷикистониҳо» хоҳиш дорам, дар нашрияи худ ин рӯйхатро чоп кунанд. Ин танҳо маълумоти хадамоти баргузории маросими хоксупории Маскав аст. Аммо аз ҳамин маълумот метавон дар мавриди фоҷеаи бузурги мардуми тоҷик хулоса кард”,-афзудааст Каромат Шарипов.