Алимардонов гуфт, давлат дигар ба кори бонкҳо дахолат намекунад
Муродалӣ Алимардонов, муовини сарвазири Тоҷикистон, зимни як ҳамоиш дар Душанбе таъкид кард, ки минбаъд давлат ба кору сиёсати бонкҳо дахолат нахоҳад кард.
Алимардонов, ки 12-уми июн зимни ифтитоҳи нахустин Бюрои иттилоотиву қарзӣ дар Душанбе суханронӣ мекард, қайд намуд, ки давлат минбаъд бонкҳои тиҷоратиро вазифадор намекунад, ки ба хоҷагиҳои деҳқонӣ қарз диҳанд. Ӯ таъкид кард, ки дар сурате агар давлат қарздиҳӣ ба хоҷагиҳоро лозим ҳисобад, тавассути Вазорати молияи кишвар ва дар асоси қонунҳои иқтисоди бозоргонӣ ин корро анҷом медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки аз ин пештар дахолати давлат ба сиёсати бонкҳо мушоҳида мешудааст ва ахиран боис гардидааст, ки яке аз калонтарин бонкҳои кишвар, “Агроинвестбонк” дар остонаи муфлисшавӣ қарор бигирад.
Аввали соли ҷорӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дар натиҷаи аудити «Агроинвестбонк» маълум шуд, ки 37 адад қарзи гирифта аз ин бонк баргардонда нашудаанд ва вазъияташ ногувор аст: «Ширкатҳое, ки аз Аргоинвестбонк қарз гирифтаанд, ҳоло ҳам фаъоланд, вале тавони бозпас додани маблағҳоро надоранд. Мо барои рӯйпӯш кардани ин қарзҳо барои 8 сол дар ҳаҷми 500 миллион сомонӣ қоғазҳои қимматнок нашр кардем. Ҳамчунин 200 миллион сомонӣ, чун муассиси ин бонк сармоягузорӣ намудем ва акнун саҳми ҳукумат дар ин бонк 51 фойизро ташкил мекунад.»
Масъулини «Агроинвестбонк» дар суҳбат бо хабаргузориҳо вазъи ногувори бонкро ба он рабт доданд, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон қарзҳои дарозмуддат додаанд ва то ҳол бозпас нагирифтаанд.
Наҷмиддинов таъкид кард, ки барои раҳоии «Агроинвестбонк», аз ҳолати ногувор давлат 51 дарсади саҳмияҳои ин бонкро харидорӣ кардааст. Вазири молияи Тоҷикистон рекапитализатсияи «Агроинвестбонк» - ро як падидаи маъмулии низоми бонкӣ хонд, ки дар замони буҳронӣ татбиқ мешавад. Вазири молия мақсад аз ин иқдомро ҳимояи саҳҳомони бонк гуфт, ки теъдодашон бештар аз 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Ӯ изҳор дошт, ки давлат аз ин кор манфиатдор нест ва ҳар чӣ зудтар масъулини Агроинвестбонк маблағҳои буҷаро гардонанд, ҳамон қадар метавонанд саҳмияҳои худро бозпас гиранд.
Сандуқи байналмилалии пул ҳам соли равон дар паи як пажуҳиш дар Тоҷикистон “Агроинвестбонк”-ро бори зиёдатӣ барои буҷаи давлат арзёбӣ карда, пешниҳод кардааст, барои ба эътидол овардани вазъи ин бонк мутахассисони хориҷиро ҷалб намояд. Барои кам кардани хароҷоти давлатӣ барои нигоҳдории вазъи муътадил дар “Агроинвестбонк” Сандуқи байналмилаии пул ба ҳукумати Тоҷикистон зарур донистааст, ки тавассути гузоштани саҳмияҳои бонк дар бозорҳои ҷаҳонӣ онро аз нав хусусӣ гардонад. Инчунин СБП мегӯяд, ҳукумат бояд ба бозгардондани қарзҳое, ки то ҳол ба “Агроинвестбонк” баргардонда нашудаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кунад.