Марзбонҳои Қирғизистон як сокини Тоҷикистонро меҷӯянд
Идораи марзбонии Қирғизистон аз Тоҷикистон хостааст, як сокини Исфараро, ки гӯиё ба марзбонҳои қирғиз ҳамла кардааст, боздошт намоянд.
Ба қавли Идораи марзбонии Қирғизистон, рӯзи 12-уми июн як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гуфтаи манбаъ ба сӯи Чоркӯҳ равона буд, дар Самарқандак ба марзбонҳо дарафтодааст. “Ин ҳодиса ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳои вай сар зад”,-гуфтааст манбаъ.
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар пайи ин ҳамлаи шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ ном бурда намешавад, як марзбони қирғиз ҷароҳат бардоштааст.
Баъд аз рух додани ин ҳодиса, сокинони Самаркандақ роҳи мошингарди Самарқандак (Қирғизистон) - Чоркӯҳ (Тоҷикистон) - ро бастаанд.