Зоиров: “Ба Узбакистон барои мулоқот бо Ислом Каримов нарафтаам”
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), мегӯяд, овозаҳо дар бораи бо қасди мулоқот бо Ислом Каримов ба Узбакистон сафар кардани ӯ ҳақиқат надоранд.
Ӯ дар саҳфаи фейсбукаш навишта, ки ба ҳамсоякишвар барои аёдати апа (хоҳарбузург)-и бемораш, ки дар зодгоҳи ӯ -- ноҳияи Бутонлики Узбакистон ба сар мебарад, рафтааст. “Дар асоси барқия визаи Узбекистонро гирифтам, аммо намояндаҳои Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ҳама ҷо овоза доранд, ки Зойиров барои вохӯрӣ бо Ислом Каримов ба Узбакистон меравад, аз ҷумла намояндаҳои ин кумита дар вилояти Суғд ба аъзои ҲСДТ бо шиддат мулоқот карда, оид ба бадкорӣ ва хиёнати Зойиров хабар пахш кардаанд”,-навиштааст раиси ҲСДТ.
Раҳматилло Зоиров дар идома меафзояд, рӯзи 12-уми июн аз тариқи гузаргоҳи марзии Фотеҳободи Тоҷикистон ба Узбакистон ворид шуда, аз тариқи постгоҳи "Ойбек"-и Узбакистон ба Бустонлик сафар кард. “Баёнияи мазкурро барои он менависам, ки аллакай дар ҳудуди Тоҷикистон оид ба сафари ман ба Узбакистон хабархои нохуш ва бардурӯғ паҳн мегардад, ки воқеият надорад. Давоми 4 соли охир ҳамагӣ 2 бор ба Узбакистон сафар кардам, ин ҳам бошад барои зиёрати хешу табори худ. Ин навбат барои аёдати апаи калониям, ки маро аз кӯдакӣ ба воя расонидааст. Ман давоми даҳ шабонарӯз дар зодгоҳи худ ва ба табобати апаи калонам машғул мешавам ва пас ба Тоҷикистон бармегардам”,-гуфтааст ӯ.