Дахлнопазирии вакилони маҳаллии тоҷик лағв шуд
Вакилони Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, ҳуқуқи дахлнопазирии вакилони маҳаллӣ ва шаҳрию вилоятиро лағв карданд.
Ин тасмим дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбеи 13-уми июн, ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакилони халқии ВМКБ, вилоятҳо шаҳри Душанбе ва ноҳия" гирифта шуд.
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, зимни муаррифии тағйирот ба қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакилони халқии ВМКБ, вилоятҳо шаҳри Душанбе ва ноҳия" изҳор дошт, ки баъзе нуктаҳояш ба Сарқонуни Тоҷикистон мухолифат доштанд. Акнун ба гуфтаи Салимзода, додситони кул, вилоят ва шаҳрӣ ҳақ дорад, нисбати вакилони маҳаллӣ парвандаҳои ҷиноятию маъмурӣ кушоянд ва танҳо додгоҳи олӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ ҳаққи баррасии онҳоро доранд. Ба гуфтаи Салимзода мақомот ҳуқуқ пайдо карданд, ки дар сурати оғози парванда дар бораи вакилон маълумот ҷамъ оранд ва метавонанд суҳбатҳои телефонияшонро гӯш кунанд.
Вакилони Маҷлиси Намояндагон дар шарҳи ин тасмими худ гуфтанд, вакилони маҳаллӣ дар баъзе ҳолат аз мақоми дахлнопазирияшон сӯистифода мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 20-уми май Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар пайи муроҷиати додгоҳ дахлнопазирии узви ин маҷлис Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони навро, ки як рӯз пештар аз он боздошт шуда буд, лағв кард. Ҳамакнун ба гуфтаи вакилони парлумон, мақомоти додситонӣ ва пулис ҳақ доранд, бидуни дарёфти санаде аз маҷлисҳои маҳаллӣ ва шаҳрию вилоятӣ вакилонро боздошт ва, ҳамин тавр, бозпурсӣ кунанд.