АКС: Як хонаводаи тоҷикистонӣ, ки Сурияро тарк карда буд, ба Душанбе расид
Шаш узви як хонаводаи тоҷикистонӣ, ки 16 рӯз қабл тавассути ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Сурия ба Маскав оварда шуда буданд, шоми 12-уми июн ба Душанбе расиданд.
Инҳо -- Тӯйчӣ Раҳимов, Гулхумор Маҳмадрасулова, Фотима, Абӯбакр, Умар ва Усмонанд, ки се соли охир дар Димишқ, маркази Сурия, мезистанд.
Тӯйчӣ Раҳимов, падари хонавода, аз ин ки аз як макони ҷангзада ба ватанаш бозгаштааст, хушҳолӣ кард. Ӯ гуфт, “мо аввал дар маркази Сурия зиндагӣ мекардем. Дар он ҷо ҷанг камтар буд. Вақте аз марказ ба шаҳри Лозиқия, лаби Баҳри Миёназамин, омадем, ҷангу куштор ва даргириҳоро бо чашми худ дидем. Ин барои мо хатарнок буд.”
Оқои Раҳимов дар идома гуфт, нахуст дар Эрон ихтисоси хуқуқшиносиро гирифта, баъдан барои такмили забони арабияш ба Димишқ рафтааст. Ӯ мегӯяд, дар он ҷо ба ҳайси тарҷумон кор мекард ва фарзандонаш дар мактаби ҳукуматӣ таҳсил доштанд. “Феълан мо бо пулу мол ба Тоҷикистон барнагашта бошем ҳам, пур аз илму фарҳанги нав ба кишвар баргаштем”,-афзуд ӯ.
Гулхумор Маҳмадрасулова, модари хонавода, низ аз ин бозгашти оилааш хурсандӣ дошт ва гуфт, қарор аст, онҳо ба рустои Дегайи ноҳияи Нуробод рафта, манзили нимвайронаашоно обод намоянд. Зеро ба гуфтаи ӯ, “хонае, ки дар рустои Дегайи ноҳияи Нуробод доштем, дар заминларза каме вайрон гардидааст. Мо ба он ҷо рафта, дар ҳамон хонаи худ зиндагиро идома медиҳем ва фарзандон барои идомаи таҳсил ба мактаби ноҳияи Нуробод мераванд.”
Ин хонавода барои истиқбол дар Маскав ва гуселашон ба Тоҷикистон аз намояндагони сафорати ин кишвар дар Русия изҳори сипос карданд. Тӯйчӣ Раҳимов гуфт, онҳо тӯли 16 рӯз дар Маскав буданд ва далелаш ҳам ин аст, ки барои харидани чипта ё билети ҳавопаймо маблағи кофӣ надоштанд ва писари хурдияш низ бемор буд.
“Сафорати Тоҷикиcтон дар Русия ба мо билет гирифта, ба Тоҷикистон фиристонд. Мо 16 рӯз дар меҳмонхонаи "Тоҷикистон"-и шаҳри Маскав истиқомат намудем. Минатдории худро ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Хадамоти муҳоҷират ва раҳбарияти меҳмонхона мерасонем, ки аҳли оилаи моро хуб пешвоз гирифта, дар мудати ин ду ҳафта меҳмондорӣ намуданд”,-илова кард ӯ.