“Агар Бузаки ҷингалапоро ҳам рӯи саҳна орам, маро зидди президент мегӯянд”
Рӯзи 20-уми июн дар Бишкек, маркази Қирғизистон, намоиши коргардони саршиноси тоҷик, Барзу Абдураззоқов, аз рӯи асари “Қиёмат”-и Чингиз Айтматов баргузор хоҳад шуд. Хабарнигорони “Озодагон” дар ин бора бо Барзу Абдураззоқов гуфтугӯе доштанд, ки хулосаи он пешкаш мешавад.
Озодагон: Барои чӣ маҳз асари “Қиёмат”? Айтматов асарҳои зиёди дигаре дорад...
Барзу Абдураззоқов: “Ин кори дасти ман набуд. Хоҳиши худи қирғизҳо буд, ки ин асарро рӯи саҳна биорам. Имсол Қирғизистон аз 85-солагии Чингиз Айтматов таҷлил мекунад. Моҳи сентябр дар ин ҷо як фестивали махсус бахшида ба солрӯзи Чингиз Айтматов баргузор хоҳад шуд ва ин намоиш низ барои ҳамон рӯз аст. Аммо ман дер ё зуд бе ин ҳам ҳатман ба Айтматов рӯй меовардам. Барои он ки Айтматов ин Айтматов аст ва ман навиштаҳои ӯро хеле дӯст медорам. Ҳар як намоиши театрӣ ин як тақдир аст. Гумон намекардам, ки маҳз ҳамин асари Айтматовро рӯи саҳна меоварам. Айтматов дар зиндагии ман нақши бузурге дорад.”
Озодагон: Ҷолиб аст, ки ин романро Айтматов ба забони русӣ навишта буд, вале вақте он ба забони қирғизӣ тарҷума шуд, номаш каме тағйир ёфт: “Қиёмат”, яъне рӯзи маҳшар...
Барзу Абдураззоқов: “Айтматов дар роман ташвишҳои худашро нишон додааст. Ӯ дар роман маъсалаи нобудшавии ҷаҳон ва нестшавии идеалҳоро бардоштааст. Ва ин эҳсоси ӯ бо эҳсоси ман наздиканд, ки ҷаҳон дар остонаи нобудӣ қарор дорад. Ман мебинам, ки имрӯзҳо на танҳо шар (бадӣ) бар некӣ (хайр) пирӯз шуда истодааст, балки мардум ҳама рӯй ба бадӣ меоваранд.”
Озодагон: Вазъи театрро дар Қирғизистон чӣ гуна дарёфтед?
Барзу Абдураззоқов: “На танҳо Қирғизистон, балки дар Узбакистон ва Тоҷикистон ҳам вазъи театр нороҳаткунанда аст. Мо талантҳоро (истеъдодҳо) намепарварем. Муҳим нест, ки миллати ту кадом аст, муҳим сифати кори туст. Мо бояд аз ҳамдигар биомӯзем, аз тоҷиқ, аз рус, аз яҳудӣ. Аммо дар Русия вазъи театр беҳтар аст, чун дар он ҷо истеъдодҳоро мепарваранд. Театр ҳадду канор надорад. Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в) чунин ҳадисе доранд, ки агарчӣ илм дар Чин бошад, бираву аз онҷо бигир. Театр ин ҷаҳонбинист, ин дониш аст. Имрӯз театр обрӯяшро гум кардааст. Дар ин вазъ, ки қарор дорад, наметавонад мардумро ба худ ҷалб созад. Театр ин идеология аст. Дар мо идеологҳо нестанд. Театр ҷои мардуми “девона” аст, аммо чунин афрод нестанд. Дарҳои ҳамаи театрҳои Тоҷикистон имрӯз барои ман баста шудаанд. Агар имрӯз афсонаи “Бузаки ҷингилапой”-ро рӯи саҳна биоварам, ҳатман маро бар зидди президент Раҳмон будан айбдор мекунанд. Одамони солимақл ин корро намекунанд, ин кори беақлон аст, ки чунин фикр мекунанд. Ман худтаърифкуниро намеписандам, аммо дар Осиёи Марказӣ обрӯ ва манзалати худро дорам. Дардовар аст, ки наметавонам дониш ва малакаи худро ба мардуми Тоҷикистон бубахшам.”
Сӯҳбати Марат Мамадшоев ва Мирлан Киизбоев