Беш аз 50 ҳазор доллар барои арусии 64 ҷуфти ҷавон дар Душанбе
Шаҳрдорӣ барои арусии 64 ҷуфти ҷавон дар Душанбе 247 ҳазору 360 сомонӣ (муодили наздик ба 52 ҳазор доллар) ҷудо кардааст.
Маросими ботантанаи арусии 64 ҷуфт аз оилаҳои ниёзманди пойтахт бо дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлил аз 16-умин солгарди имзои созишномаи сулҳ баргузор мешавад.
Ба қавли Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, ин маърака 27-уми июн -- Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза» баргузор хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, маблағи мазкурро Раёсати молияи шаҳр аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи шаҳрдори пойтахт ихтисос додааст. Ин маболиғ барои хариди сару либос, пояфзол ва гулдастаҳо сарф мешавад.
Ҳоло интихоби ҷуфтҳои ҷавоне идома дорад, ки воқеан аз хонаводаҳои ниёзманд ҳастанд. «Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳар ноҳияи пойтахт 16 ҷуфтӣ интихоб мекунад»,-афзуд Шавкат Саидов.
Соли сипаришуда ҳам бо ташаббуси шаҳрдорӣ дар Рӯзи ваҳдати миллӣ маросими арусии 60 ҷуфт аз хонаводаҳои эҳтиёҷманд сурат гирифта буд.