Ҳалокати 205 нафар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётии Тоҷикистон
Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар шимоли мамлакат ду ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифтанд.
Тавре Нодирҷон Муродов, масъули бахши тарғибот ва ташвиқоти БДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, рӯзи гузашта нақлиёти сабукрави тамғаи «Опел-Вектра», ки таҳти идораи ронанда, Алиҷон Маҳмудов қарор дошт, аснои ҳаракат дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷонибек Ҷӯрабоеви 10- сола ва Маъруф Дилрӯзиеви 6 -соларо, ки савори як дучарха буданд, зер намудааст. Дар натиҷа ҷабрдидаҳо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ба касалхона интиқол дода шуданд.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 4 садамаи нақлиётӣ қайд гардидааст, ки бар асари онҳо 5 нафар захм гирифта, хушбахтона касе ба ҳалокат нарасидааст. Муродов мегӯяд, аз аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар пайи 683 садама 205 нафар ба ҳалокат расида, 796 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд. Аз таҳлили масъулини БДА чунин бармеояд, ки ин шумора нисбати ҳамин давраи соли гузашта 67 садама камтар буда, ҳалокшудагон 21 нафар бештаранд. {jathumbnail off}