Ҳабси панҷ мошини Зайд Саидов ва наздикони ӯ
Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон то кунун панҷ мошин ё худрави мансуб ба Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав ва наздикони ӯро ҳабс кардаанд.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, гуфт, аз ин теъдод танҳо як мошин мансуб ба нафари таҳти ҳимояташ буда, 2 адади он ба писарон ва дуи дигар ба бародару бародарзодааш тааллуқ доранд.
Ба қавли ӯ, ин мошинҳо дар моҳи гузашта, ба дунболи боздошти Зайд Саидов, сурат гирифтаанд. Ин вакили мудофеъ афзуд, ӯ аз Оҷонсии мубориза бо коррупсия хостааст, то мошинҳое, ки мансуб ба Зайд Саидов нестанд, аз ҳабс озод намоянд. “Вале то ҳанӯз ба ин муроҷиатам посухе нагирифтаам”,-илова кард ӯ.
Аммо мақомоти Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар ин бора ҳарф намезананд.
Зайд Саидов, яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон, рӯзи 19-уми майи соли ҷорӣ ҳангоми бозгашт аз хориҷа боздошт шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Ин боздошти оқои Саидов, ки аз соли 2002 то 2007 вазорати саноати Тоҷикистонро ӯҳда мекард, баъд аз он сурат гирифт, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ эълон кард, Тоҷикистони нав, ҳизби нави сиёсиро асос хоҳад гузошт.
Ҳоло мақомот Зайд Саидовро дар тақаллубкорӣ муттаҳам медонанд ва Оҷонсии зидди фасод алайҳи ӯ парванда боз кардааст. Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси зидди фасод, чанде пештар ба “Озодагон” гуфта буд, санҷиши парвандаи Зайд Саидов дар тӯли ду моҳ баррасӣ ва бояд ба додгоҳ ирсол бишавад. Бино ба хабарҳо, ҳоло Оҷонсӣ ва Кумитаи андоз барои санҷиши корхонаҳои тобеи Зайд Саидов ва наздикони ӯ шурӯъ кардаанд.