Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониён. Кӣ чӣ хоҳад гуфт?
Интизор меравад, қабл аз оғози моҳи шарифи Рамазон дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо рӯҳониёни ин кишвар доир гардад.
Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, мегӯяд, “ин мулоқот бо ташаббуси бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, дар он беш аз ҳазор рӯҳонӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок хоҳанд кард.”
“Мавзӯи сӯҳбати раисиҷумҳур бо рӯҳониён барои мо рӯшан нест. Вале бояд гуфт, ин мулоқот ба монанди мулоқоти нақшавии раисҷумҳур мебошад, ки чанде қабл бо ҷавонон низ анҷом ёфта буд”,-афзуд Мухторов.
То ҳоло санаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз сӯи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дақиқ нашуда ва ҳанӯз маълум нест, ин мулоқоти раисиҷумҳур ҳам кадом рӯз баргузор мешавад. Вале ин дувумин дидори оқои Раҳмон бо рӯҳониён хоҳад буд. Қаблан, дар соли 2009, мулоқоти ӯ бо гуруҳи рӯҳониёну донишмандон бахшида ба соли бузургдошти 1310-солагии Имоми Аъзам дар Кохи Ваҳдати Душанбе сурат гирифта буд.
Ин мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамагӣ панҷ моҳ пеш аз замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мегардад, ки Эмомалӣ Раҳмон яке аз номзадҳои алсӣ дар ин интихобот хоҳад буд.