Аксҳои нимбараҳнаи духтари президент дар “Le Point”
Чопи аксҳои нимбараҳнаи Гулнора Каримова, духтари бузурги раисиҷумҳури Узбакистон, дар нашрияи “Le Point”-и Фаронса вокунишҳои зиёдеро ба бор овардааст.
Бештари шарҳнависон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаанд, дар акс Гулнора Каримова набуда, балки он тариқи “фотошоп” анҷом шудааст.
Аммо торнамои СA-News, ки ин аксҳоро бознашр кардааст, менависад, талоши онҳо барои муайян кардани он ки суратҳо кай ва дар куҷо бардошта шудаанд, барҳадар нарафт.
Тибқи маълумоти дарёфткардаи СA-News, ин аксҳои Гулнора Каримова 8-уми августи соли 2011 дар шабнишинии заргари маъруф -- Фаваз Груози дар клуби "Billionaire"-и Порто Черво, аз маъруфтарин осоишгоҳҳои Итолиё гирифта шудааст.