"Талаби 150 000 сомонӣ аз сӯи Аскар Ҳаким даъвои хушку холист"
Иноят Иноятов, вакили мудофеи нашрияи “Самак”, даъвои шоир, Аскар Ҳакимро барои рӯёнидани 150 ҳазор сомонӣ аз ин нашрияро беасос донист.
Иноятов рӯзи 12 –уми июн ба “Озодагон” гуфт, “даъвои шоир Аскар Ҳаким барои маҳдуд кардани озодии сухан нигаронида шудааст. Мақолаи “Зиёиёни бе мушкили тоҷик” мақолаи таҳлилӣ-танқидӣ буда, дар он ягон иттилооти бардурӯғ ва пастзанандаи шаъну шараф вуҷуд надорад ва нашри он ба даъвогар ягон намуд зарари маънавӣ нарасондааст.”
Вакили мудофеи “Самак” афзуд , пагоҳ 13-уми июн ба Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, ваҷҳҳои беасос будани даъвои Аскар Хакимро ироа хоҳанд кард.
Аскар Ҳаким, раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, рӯзи 6 -уми июн аз болои нашрияи “Самак” ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикоят бурда, 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб намудааст. Ба гуфти Аскар Ҳаким ин нашрия матлабе, бо унвони “Зиёиёни бемушкили тоҷик”-ро 21-уми марти соли 2013 чоп карда, ба таҳқиру туҳмат ва паст задани шаъну шарафи ӯ роҳ додааст.