АКС: Рейди Вазорати тандурустӣ дар қаторҳои Тоҷикистон
Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва Роҳи оҳани Тоҷикистон дар саристгоҳи Роҳи оҳани Душанбе қатори навбатиеро, ки ба самти Маскав омодаи сафар буд, тафтиш кардаанд. Тавре аз Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, гурӯҳи корӣ вазъи санитарӣ дар дохили қатор ва тамоми ашёву анҷоми зарурии онро аз назар гузарондаанд.
"Дар ин рейд бештар тозагии қатор, ҷои хобу нишастгоҳҳо, тозагии рахти хоб, вазъи санитарии ҷойҳои махсуси хӯроктайёркунӣ, асбобу анҷоми кори тарабхона, яхдону кондитсионерҳо ва зарфҳои ғизохӯрӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд",-афзуд манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, бо вуҷуди нав набудани қатори мазкур тамоми шароити дохили он ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ дониста шуда, нозирон ба гурӯҳи корие, ки омодаи сафар аст, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ ва ҳифзи саломатии мусофирон маслиҳатҳои судманд доданд: “Чунин назоратҳо тибқи нақшаи кории Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани кишвар ба таври мунтазам бо иштироки роҳбарону масъулони соҳа доир мегарданд”.
Бояд зикр намуд, чанде қабл вазъи санитарии қатори Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Русия мавриди интиқод қарор гирифта буд, ки сару садои зиёдеро ба миён овард. Ҳарчанд бархе аз масъулини Русия мегуфтанд, вазъи сантарии қатори Тоҷикистон ба талабот ҷавбгӯ нест, вале ҷониби Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, онро беасос мехонанд.