4 000 сомонӣ ҷарима барои тӯйи исломӣ ё “мавлудхонӣ”?
Маҳмудҷон Қосимов, як сокини бознишастаи ноҳияи Ашт (Суғд), дар пайи баргузории тӯйи хонадоршавии писараш ба пардохти 4 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шудааст. Ин қарорро моҳи апрели соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Ашт содир карда, сипас, дар авохири моҳи май додгоҳи шаҳри Хуҷанд баррасӣ ва бетағйир боқӣ гузоштааст.
Оқои Қосимов мегӯяд, ин ду додгоҳ вайро барои баргузории “мавлудхонӣ” ҷарима бастаанд, дар ҳоле ки вай тӯйи арӯсии писарашро баргузор карда буд, на мавлудхонӣ. Ба қавли ин сокини бознишастаи Ашт, ӯ барои даъвати овозхонҳо пул надошт ва аз ин рӯ хост, маъракаи писарашро бо ҳузури бархе аз рӯҳониён ва ҳамсояҳову наздиконаш баргузор кунад.
Ин маросим моҳи январи соли ҷорӣ баргузор шудааст, ки Идораи дини ноҳияи Ашт онро ғайриқонунӣ дониста, ба додгоҳ шикоят бурдааст. Ҳарчанд мақомоти додгоҳи ноҳияи Ашт ин қазияро шарҳ надодаанд, вале бино ба қавли бархе аз огоҳон, Идораи дин сабти тӯйро ҳам баррасӣ карда, дар оғоз онро чун амри маъруф ва дар додгоҳ онро чун мавлудхонӣ муаррифӣ намудааст.
Ин ҳодисаи аввали ҷарима бастан ва ё ба додгоҳ кашидани сокинон барои баргузории тӯйи исломӣ нест. Қаблан, дар соли 2011 додгоҳи Ашт як сокини шаҳраки Шайдон ва бархе аз масъулони дафтари ҲНИТ дар ноҳияро барои баргузории тӯйи исломӣ муттаҳам карда, наворбадори тӯй – Ҳусниддин Шарофовро барои панҷ рӯз пушти панҷара фиристода буд.
Акс аз Интернет