«Google» ва «Facebook»: Сабқат дар бозори интернетии олам
Маъруфияти шабакаи иҷтимоии интернетӣ, ки «Google» ҳамаги як моҳ қабл роҳандозӣ карда буд, босуръат меафзояд.
Тибқи маълумоти омории кормандони ин ширкат, шумори муштариёни "Гугл-плас" /Google+/ ба 10 миллион расида, ахири ҳафтаи равон шояд наздики 20 миллион аз он истифода кунанд.Гуфта мешавад, шабакаи иҷтимоии мазкур, ҳанӯз ҳам марҳилаи санҷиширо аз сар мегузаронад ва фақат бо даъвати муштариёни сабтиномшуда, дигарон ба он пайваст шуда метавонанд. Пол Аллен, коршиноси байналмилалии васоити интернетӣ мегӯяд, агар «Гугл» дастрасӣ ба ин тарҳро масдуд накунад, теъдоди муштариёни шабака ба таври «прогресси геометрӣ» боло меравад. Шояд ҳисоб кардани истифодабарандагон он вақт душвориро ба миён орад, афзудааст ин коршинос.
Аммо ин рекорди «Гугл» дар қиёс ба шабакаи иҷтимоии интернетии «Фейсбук» гӯйё қатрае аз баҳр аст. Омори тахминӣ аз он бозгӯянд, ки шумори истифодабарандагони «Facebook» дар ҳоли ҳозир ба 750 миллион расида, то ду-се моҳи дигар миллиард одам вориди «тори интернетӣ» мегарданд.{jathumbnail off}