Вазорат: "Тоҷикистон дар 10 соли оянда ба форсӣ намегузарад"
Вазорати маорифи Тоҷикистон хабари дар тӯли 10 соли оянда тағйир додани “алифбои идорӣ ва мукотиботи расмии ин кишвар” аз кириллӣ ба форсиро носаҳеҳ хонд.
Дар изҳороти Вазорати маориф, ки 12-уми июн интишор шуд, таъкид ёфтааст, то ҳол Тоҷикистон барнома ё қонунеро барои гузаштан ба хатти форсӣ омода ва тасвиб накардааст.
Ҳафтаи гузашта хабаргузории “Форс” аз қавли Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, навишт, Душанбе қонунеро дар заминаи тағйири мукотиботи расмӣ аз кириллӣ ба форсӣ тасвиб кардааст. Аммо Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, “дар мулоқоти Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон бо Алиасғари Яздонӣ, муовини вазири омӯзиш ва парвариши Эрон, сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст танҳо масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф ва ҳамкории ин давлатҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин мулоқот дар хусуси тағйири алифбои кириллӣ ба алифбои ниёкон дар алифбои идорӣ ва мукотиботи расмӣ дар муддати даҳ соли наздик сухане садо надода буд.”
Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, омӯзиши алифбои ниёкон ва ё хатти форсии арабиасос дар мактабҳои кишвар ба шакли пешина идома хоҳанд кард, вале Тоҷикистон ҳоло барномаи гузаштан ба ҳуруфи форсиро надорад. Ба қавли мақомот, омӯзиши алифбои ниёкон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз синфи чор шурӯъ шуда, то синфи ҳафт идома меёбад.
“Шурӯъ аз синфи ҳашт ҳаводорони алифбои ниёкон метавонанд аз китоби “Баёзи адабиёт”, ки бо ҳуруфи форсӣ чоп шудааст, истифода кунанд”,-таъкид шудааст дар изҳороти вазорат.