Сулҳпарварӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
Мавқеи Тоҷикистон тайи як соли охир дар нишондиҳандаи ҷаҳонии сулҳ, “Global Peace Index-2013”, коҳиш ёфта, аз рӯи сулҳпарварӣ ин кишвар миёни 162 кишвари дунё зинаи 118-умро соҳиб шудааст.
Гузориши “Global Peace Index-2013” ҳамасола аз ҷониби донишгоҳи Сидней дар ҳамкорӣ бо иқтисоду иҷтимошиносони ҷаҳонӣ таҳия мегардад.
Аз рӯи маълумоти «Global Peace Index-2013» зиндагӣ дар Тоҷикистон аз Қирғизистону Узбакистон оромтар аст, вале дар муқоиса бо Қазоқистону Туркманистон ноором мебошад. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар гузориши «Global Peace Index» Тоҷикистон кишвари аз ҳама сулҳпарвари Осиёи Миёна эътироф гардида, миёни 158 кишвар ҷои 99-умро ишғол намуда буд.
Аммо дар гузориши имсола омадааст, ки дар соли 2013-ум дар пайи афзоиши якбораи куштор дар тамоми ҷаҳон вазъи сулҳпарварӣ бадтар шудааст. Гузоришгарон таъкид мекунанд, ки тайи панҷ соли охир сатҳи сулҳпарварӣ дар ҷаҳон 5 дарсад поин рафтааст. Ба сегонаи нооромтарин кишварҳои ҷаҳон Афғонистон, Сомалӣ ва Сурия ворид гардидаанд. Дар сархати оромтарин кишварҳои ҷаҳон Исландия, Дания ва Зеландияи нав ҷой гирифтаанд.
Ба навиштаи гузоришгарон аз соли 2008-ум инҷониб 110 кишвари дунё дар умури сулҳ мавқеашонро аз даст додаанд ва 48 кишвари дигар ба комёбиҳо ноил гардидаанд. Муаллифони “Global Peace Index-2013” асосан бо назардошти се нишондод, шумораи кушторҳо, нооромии сиёсӣ ва ҳиссаи хароҷоти ҳарбӣ нисбати Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сулҳпарварии ин ё он кишвар баҳо гузоштаанд. Тибқи ин гузориш давоми як соли охир таъдоди қурбониёни бархӯрдҳо миёни нашъаҷаллобони мексикоӣ нисбат ба фавтидагон дар Ироқу Афғонистон ду маротиба бештар шудааст.
Ҳаҷми хисорот аз талоши башарият барои мубориза бо зӯровариҳо танҳо дар соли 2012 9 триллиону 460 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад. Муаллифони “Global Peace Index-2013” мегӯянд, дар сурате агар хисорот аз зӯроварӣ коҳиш ёбад, бо маблағҳои сарфашуда имкон дорад, қарзи ҳамаи кишварҳои рӯ ба рушди ҷаҳон пардохт шаваду мушкили молӣ дар Аврупо бартараф гардад ва боз барои сармоягузорӣ дар барномаи “Ҳадафҳои рушди ҳазорсола” низ маблағҳо боқӣ хоҳанд монд.