Кумитаи дини Тоҷикистон: “Қаҳрамон”-и навори фаҳшо имомхатиб нест
Кумитаи умури дини Тоҷикистон мегӯяд, марде, ки дар як навори фаҳшо бо риш акс ёфтаву баъдан дар расонаҳо ҳамчун имомхатиби яке аз деҳаҳои ноҳияи Рӯдакӣ муаррифӣ шуд, дар феҳрист ё рӯйхати имомхатибони онҳо қарор надорад.
Як манбаи мо дар Кумитаи дин рӯзи 12-уми июн гуфт, “қаҳрамон”-и навори фаҳшо фориғуттаҳсили донишгоҳҳои Эрон ва Покистон буда, ӯро кумита расман иҷозаи фаъолият надодааст. “Мардуми моро медонед, дидаанд, ки мард аз хориҷ омадаасту риш дорад, як-ду бор дар намоз пешдаро кардаанду халос. Дар асл ӯ имомхатиб набуд”,-афзуд манбаъ.
Дар се соли охир имомхатибон тавассути Кумитаи дини Тоҷикистон интихоб мешаванд. Мақомот сари ҳар шаш моҳ ва ё як сол ин имомхатибонро мавриди санҷиш қарор дода, дониши диниву дунявии онҳоро месанҷанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони Шӯрои уламои Маркази исломӣ мегӯянд, эҳтимол баҳси ин навор дар ҷаласаи онҳо, ки қабл аз фарорасии моҳи Рамазон сурат мегирад, баррасӣ хоҳад шуд. Ин навори фаҳшо ҳафтаи гузашта ба шабакаи Фейсбук роҳ ёфта, вокунишҳои зиёдеро ба дунбол дошт.
Дар ин навор дида мешуд, ки марди ришдор бо зане робитаи ҷинсӣ дорад ва ин лаҳзаҳоро тавассути телефон наворбардорӣ мекунад. Зоҳиран зан аз ин сабти навор нороҳат аст ва дар охир ҳам пофишорӣ мекунад, то мард сабташро поён бидиҳад. Ҳарчанд дар пайи шикоятҳои батакрори корбарони Фейсбук навор баъдан аз саҳифаҳои ин шабака ҳазф гардид, аммо баҳси гарми он ҳанӯз хомӯш нашудааст.