Райиси Суди Олӣ: Заминфурӯшӣ ҷиноят аст
Хариду фурўши ғайриқонунии замин имсол дар қиёс ба соли гузашта афзоиш ёфтааст.
Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олӣ мегӯяд, як соли қабл барои хариду фурўши замин 34 парванда нисбати 34 нафар баррасӣ гардид, аммо тайи шаш моҳи соли равон 66 парванда дар қиболи 76 тан аз муҷримин муҳокима шудааст. Абдуллоев бо ишора ба қонунгузории Тоҷикистон гуфт, замин моликияти истисноии давлат ба ҳисоб рафта, хариду фурӯш ва ба гарав мондани он тибқи қонун манъ гардидааст. {jathumbnail off}