Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором арзёбӣ мешавад
Вазъият дар манотиқи марзии Тоҷикистон (Исфара)-у Қирғизистон (Бодканд) ором арзёбӣ мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Қирғизистон, авзоъ дар деҳаи Самарқандаки вилояти Бодканди ин кишвар ором буда, ягон қонуншикание ба қайд гирифта нашудааст. Манбаъ афзуда, ки масъулони ду кишвар мавзӯи аломатгузории марзҳоро баррасӣ доранд ва танҳо дар ин манотиқи баҳсбарангез муваққатан иҷрои кадом як навъи сохтмон манъ карда шудааст.
Вазорати умури дохилии Қирғизистон қаблан эълон намуда буд, ки ҳудуди ду ҳазор сокини деҳаи Самарқандаки вилояти Бодканд (Қирғизистон) рӯзи 10-уми июн ба нишони эътироз аз он ки сокинони Тоҷикистон заминҳои баҳсноки наздимарзиро аз худ намудаанд, гирдиҳам омада буданд.
Аз сӯи дигар, ҳукумати Бодканд изҳор дошта буд, эътирозгарон аз он норизоӣ кардаанд, ки тоҷикон гӯиё дар заминҳои баҳсноки наздимарзӣ хона сохтава дарахт шинондаанд. Ба қавли манбаъ, дар посух ба ин амали тоҷикон эътирозгарон роҳи Шӯроб-Ворухро бастаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои масъулини қирғиз аз тарафи Тоҷикистон низ ҳудуди 500 нафар ҷамъ шуда будаанд, вале кормандони пулис, ки саривақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, аз даргирӣ ҷилавгирӣ намудаанд.
Инчунин, ба ҷои ҳодиса вакили парлумони қирғиз, Омурбек Текебаев ҳозир шуда, дар суҳбат бо гирдомадагон ваъда додааст, ки ҳамаи талаботашонро ба роҳбарияти кишварашон мерасонад. Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту халос. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.