Вазири дифои Тоҷикистон мегӯяд, "облава" ҳаст...
Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон, дар ҷавоб ба номаи Рустам Гулов, як сокини Хуҷанд, вуҷуди облава ё даъвати иҷбории ҷавонон ба сафи артишро тасдиқ кардааст. Аммо ӯ гуфтааст, аз облава дар ҳолатҳое кор гирифта мешавад, ки ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд.
Рустам Гулов, ки қаблан дар созмони ҳуқуқшиносони ҷавон ё Ампаро кор мекард, барои дифоъ аз ҳуқуқи даъватшавандагон ба артиш ҳимоят мекунад. Ӯ чанде пештар бо ирсоли як нома ба унвонии раисиҷумҳури Тоҷикистон хоста буд, то ин масъаларо шарҳ бидиҳанд, ки чаро ҷавононро аз роҳи маҷбурӣ ба артиш мебаранд.
Шералӣ Хайруллоев дар посух ба ин номаи Гулов гуфтааст, “вазорати дифоъ номаи Шуморо, ки ба унвони президенти Тоҷикистон вобаста ба даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ навишта шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дод.” Инчунин, дар ин нома омадааст, “ҳамасола даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар асоси Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ” ташкил ва ба роҳ монда мешавад. Дар асоси қонуни зикршуда дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои даъватӣ таъсис дода мешаванд, ки маҳз ин комиссия барои гузаронидани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ масъул мебошанд. Ҳар як даъватшавандае, ки ба комиссияи даъватӣ ҳозир мешавад, аз муоинаи тиббӣ гузаронда шуда, дар ҳолати қобил ба хизмати ҳарбӣ дониста шудан, бо қарори ин комиссия ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар мегардад.”
Дар ин номаи Шералӣ Хайруллоев таъкид шудааст, ки “сабаби асосии тариқи иҳотагирӣ (облава) ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир намудани даъватшавандагон, ин аз ҷониби онҳо саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ мебошад. Ҳангоми саркашӣ намудан ва ҳозир нашудани даъватшаванда ба комиссияи даъват кормандони шуъбаи умури дохилӣ ӯҳдадоранд, онро боздошт намоянд.”