Номаи хонанда: Чаро моро нашъаҷаллоб мегӯянд?
“Редаксияи азиз!
Ин номаро маҳз ба хотири он ба Шумо мефиристам, ки “Озодагон”-ро ягона расонаи воқеъбин ва ҷасур дарёфтам. Ҳар рӯз се бор ба сайти Шумо медароям, то бифаҳмам, ки дар кишвар чӣ мегузарад.
Имрӯз, вақте ба сомонаи “Википедия” даромадам, ҳуш аз сарам парид. Тоҷикистонро дар бахши ахбори ҷиноии сомонаи “Википедия” ҳамчун кишвари нашъаҷаллобон муаррифӣ кардаанд.
Аз шарм қариб буд, гиря кунам. Замоне мардуми моро ҳамчун мардуми аҳли фарҳангу адаб медонистанд, аммо ҳоло ҳамчун нашъаҷаллоб. Шармандагӣ ва боз ҳам шармандагӣ. Охир, ҳар рӯз миллионҳо нафар ба “Википедия” медароянд ва ин маълумотро мехонанд.
Боис ба таассуф аст, ки ҳатто бархе аз кормандони боломақоми давлатӣ, ба қавле нашъаҷаллобонро пуштибонӣ мекунанд. Наход, то ба ин андоза аз шарму ҳаё дур шудаем, ки чунин нафарон дар давлати мо кор мекунанд? Наход, ин ҳарфҳо рост бошанд?
Бори дигар маъзарат мехоҳам, агар вақти зиёди Шуморо гирифта бошам.
Бо эҳтиром,
Назира Мирзоева, шаҳрванди Тоҷикистони офтобӣ”