"Рақсу сурудхонии Э.Раҳмон ба худаш маъқул нашудаанд"
Аксар расонаҳои хориҷӣ дар ду ҳафтаи охир дастнорас будани Ютуб (YouTube) дар Тоҷикистонро ба нашри навори тӯи писари раисиҷумҳур -- Рустами Эмомалӣ рабт додаанд. Дар ин навори видеоӣ, ки нимаи дувуми моҳи майи соли ҷорӣ аз тариқи телевизиони “К+” (Қазоқистон) пахш шуд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар тӯи писараш рақс ва як тарона иҷро кардааст.
Сайти “Mail online news” матолиберо зери унвони “Навори манъшудаи Эмомалӣ Раҳмон” ва “300 000 тамошобини навори сурудхонии президенти Тоҷикистон” нашр намудааст. Ин торнамо менависад, “ягон нафар намехоҳад, ки камбудҳояшро дигарон бидонанд. Аз ин рӯ, вақте навори видеои рақс ва сурудхонии президенти Тоҷикистон дар тӯи писараш дар YouTube паҳн гардид, мақомот ҷилави ин корро ба даст гирифта, дастрасӣ ба шабакаро қатъ карданд.”
Ба навиштаи “Mail online news”, ҳоло аз 8 миллион аҳолии Тоҷикистон, 2 миллиони онҳо ба интернет дастрасӣ доранд. “Акси тамоми лаҳзаҳои рақсу сурудхонии президент аз рӯи навор гирифта шуда, бо шарҳҳо дар сайтҳо гузошта шудааст”,-навиштааст “Mail online news”.
Сarbonated.tv ҳам ягона баҳона ё сабаби баста шудани Ютуб дар Тоҷикистонро пахши навори тӯи писари Эмомалӣ Раҳмон донистааст. “Қаблан чанд бор ин шабака аз ҷониби мақомоти тоҷик баста шуда ва боз гардид буд. Дар бештари кишварҳо шабакаҳои иҷтимоиро баъд аз пахши наворҳои ифротӣ ва экстримистӣ мебанданд, аммо дар Тоҷикистон ин шакли дигар дорад”,-таъкид шудааст дар матлаб.
NewsIndex.biz мақолаеро бо номи “Тоҷикистон баъд аз тамошобини зиёд пайдо кардани видеои рақси президент YouTube-ро дастнорас кард” нашр кардааст. Дар ин матлаб тӯи писари президент Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҷузъиёташ шарҳ дода шуда ва дар зери он навори тӯй ҳам гузошта шудааст.
Eurasianet.org дар ин маврид матлаберо навишта, гуфтааст, “комилан мушаххас нест, ки чӣ қадар истифодабарандагони интернети Тоҷикистон навори видеои президентро тамошо намуда бошанд, лекин дастнорас шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳое назири YouTube, ба мардум нороҳатӣ меорад.”
Ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ, тӯи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон соли 2007 сабт шуда, танҳо 18-уми майи соли ҷорӣ тавассути Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари Ҷунбиши сиёсии "Ватандор", дар “K+” пахш гардид. Дар пайи пахши ин навор дастрасӣ ба сайти телевизиони “К+” ҳам қатъ шуда, то ҳанӯз масдуд аст. Расонаҳои хориҷӣ менависанд, ба худи Эмомалӣ Раҳмон рақсу сурудхониҳояш маъқул нашудаанд ва ин аст, ки мақомот масдудсозиҳоро пеша кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран овозаи ба шавҳар баромадани духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон -- Заррина ба писари Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯи забонҳо омад. Бархе аз хабаргузориҳо низ навиштанд, ки гӯиё ин базми арӯсӣ дар Пуғус (Варзоб) рӯзҳои истироҳати гузашта сурат гирифтааст. Вале ин ин хабар расман тасдиқ нашудааст.