Оё демократияи Эрдуғон балои ҷонаш мешавад?
Масъалаи демократия, ки нахуствазири Туркия замоне мубаллиғи он буд, акнун ба хотири эътирози фарогир дар бештари шаҳрҳои ин кишвар ва беэътиноиҳои Эрдуғон, ба падидаи шикананда табдил шуда, ки мумкин аст Эрдуғонро аз тахт ба зер оварад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, даргирӣ, гази ашковар, мошини обпош ва эътироз, ҳамаи ин ниҳодҳои мухолиф, чеҳраи имрӯзаи Истанбул, бузургтарин шаҳри Аврупо ва маркази тиҷории Туркияро шакл дода, чеҳрае, ки то ҳамин ду ҳафтаи пеш касе онро пешбинӣ намекард.
Иллати ин ошӯб ва нооромӣ ҳам саркӯби эътирози гурӯҳи дӯстдорони муҳити зист ба сохти як муҷтамаи тиҷорӣ ба ҷои як боғ дар майдони “Тақсим” буд, ки оташи зери хокистарро шуълавар кард ва мухолифони сиёсатҳои иқтидоргароёнаи Урдуғонро ба хиёбонҳо кашонд.
Ҳарчанд нухуствазири Туркия бо зиракӣ метавонист аз густариши доманаи ин эътирозот бикоҳад, аммо бо рафтори иқтидормобонаи худ оташе ба по кард, ки ба ин зудиҳо интизори хомӯшии он намеравад. Ин дар ҳоле аст ки дар рӯзи дуюми нооромиҳо, Абдуллоҳ Гул, раисиҷумҳури Туркия бо эҳтиром ба ҳаққи эътирози мардум ва сарзаниши рафтори хашини пулис, тавониста буд муътаризонро ором кунад ва бахше аз онҳоро ба хонаҳои худ бозгардонад.
Аммо Эрдуғон бо “авбош” ва “ғоратгар” хондани муътаризон ва иртибот додани онҳо бо хориҷиҳо нишон дод, замоне ки ӯ ва сиёсатҳояш мавриди интиқодот қарор бигиранд, ӯ тобу таҳамули ҳеч гуна мухолифате бо худро надорад ва ба ҷои пайгирии моҷаро аз роҳи демократӣ ва қонунӣ, мекӯшад бо итҳомзанӣ ба мухолифонаш, эътирози онҳоро дар нутфа хафа кунад.
Зиёдаравии ӯ то ҳадде буд, ки муътаризонро аз як эътирози зист муҳитӣ ба тазоҳуроти сиёсӣ ва дар ниҳоят, ба дархост барои баргузории интихоботи зуд ҳангом ва канорагирии у аз қудрат ҳаракат дод, дархосте ки бо вокуниши Ҳусайн Челик, муовини раҳбари ҳизби ҳокими “Адолат ва тавсиъа” рубару шуд , ки гуфт: “Ҷаҳон бо буҳрони иқтисодӣ дасту панҷа нарм мекунад, аммо тамоми шароит дар Туркия хуб аст ва ба далели онки мардум дар хиёбонҳо даст ба роҳнамоӣ задаанд, боис намешавад то давлат интихоботи зуд ҳангом баргузор кунад.”
Дар қиболи ин дархост низ, Эрдуғон вокунише дур аз тадобир аз худ нишон дод ва аз ҳомиёнаш хост то бо раъй додан ба ҳизби ҳокими “Адолат ва тавсиъа” дар интихоботи маҳалии соли ояндаи мелодӣ ба мухолифон посух диҳанд. Дар воқеъ, оқои Эрдуғон, ки дар миёни ҳазорон нафар аз ҳомиёнаш дар шаҳри Одоно, дар ҷануби Туркия сӯҳбат мекард, аз онҳо хост то ҳимояташонро дар сандуқҳои раъй нишон диҳанд, аммо адабиёте ки ӯ ба унвони нахуствазир ба кор гирифт, таҳрикомез буд. Ӯ хитоб ба ҳаводоранаш гуфт: то замони баргузории интихоботи маҳаллӣ, ҳафт моҳ боқӣ монда ва ман аз шумо мехоҳам то аввалин дарсро аз тариқи раъй ба мухолифон бидиҳед!
Ӯ бори дигар дар ҷарёни ин суханронӣ, аз муътаризон ба унвони, “харобкор ва террорист” ёд кард ва афзуд, мо он кореро ки теъдоди ғоратгар анҷом доданд, анҷом нахоҳем дод. Табиист, чунин адабиёти таҳқиромез ва лаҳни таҳдидомезе, танҳо боиси таҳрики мардуме мешавад, ки давлатмардон онҳоро ба ҷои шунидани ҳарф ва суханонашон, онро муште террорист ва авбош қаламдод мекунанд.
Аммо инак чаро Эрдуғоне, ки замоне туркҳо аз ӯ ба унвони парчамдори пешрафт ва тавсеа дар кишварашон ёд мекарданд, акнун аз он авҷ ба ин поён афтода, шояд реша дар такаббури ӯ дорад. Ба назар мерасад, пирӯзии ҳизби “Адолат ва тавсиъа” ва тавоноии он дар иҷрои ҳамаи интизорҳо боис шуда Урдуғон ба шахсияте мутакаббир табдил шавад, ки ҳич танқидеро барнемтобад ва тавҷҷуҳе ба назароти мухолифонаш намекунад. Шоҳиди ин муддао таъкиди чанд бораи ӯ бар идомаи навсозии Истанбул ва табдили андаки фазои сабзи боқимонда дар ин шаҳр, ба муҷтамаи тиҷорӣ аст, дар ҳоле ки бо “каҷдор ва марез” метавонист аз густариши норизоятиҳо ба дигар шаҳрҳои Туркия ҷилавгирӣ кунад.
Аммо Эрдуғон нишон дод, то замоне ба демократия пойбанд аст, ки тамаъҳо ва манофиъи уро таъмин кунад. Дар воқеъ, иқдоми нахуствазири Туркия дар фарохондани ҳаводоронаш ба раъй додан ба нафъи ӯ, нишон медиҳад, вай аз фароянди демократия фақат бахши интихоботи онро дарк карда ва пазируфта ва бахшҳои дигари ин раванд бе эътино ё кам таваҷҷуҳ аст. Нуктае ки мудири таҳқиқотии маркази миллии мутолиъоти роҳбурдии Фаронса низ ба он ишора кард ва гуфт, “Урудуғон аз демократия фақат интихоботро фаҳмида аст.
Надим Горсел дар гуфтугӯ бо шабакаи “Франс24” гуфт, “шакке нест, ки Эрдуғон ба таври демокротӣ ба қудрат расида ва ҳануз ҳам аз пойгоҳи мардумии қобили қабуле дар кишвар бархурдор аст. Аммо мушкил инҷост ки вай демократияро фақат ба баргузории интихобот ва инки чи касе аз сандуқҳои раъй дар меояд, маҳдуд кардааст. Ӯ фақат ба ҳамин иллат ки дар интихобот раъй овардааст, мехоҳад ҳатто шеваи зиндагии мардумро тағйир диҳад ва шеваи мавриди назари худ ва гироиши сиёсии хоси худро бар онҳо таҳмил кунад, дар ҳоле ки мардум инро намехоҳанд ва мегӯянд давлат набояд ба мо бигӯяд чи бухурем , чи бипушем ва набояд ба мо дарси ахлоқ диҳад."
Аз бароянди рухдодҳои ахир дар Туркия ва кунишу вокунишҳои ду ҳафатаи гузашта миёни мухолифон ва мувофиқон метавон ин гуна дарёфт, ки демокртияи мадди назари Эрдуғон, демократии шиканандае аст, ки ҳар он мумкин аст ӯ аз ҷойгоҳаш билағзад ва онро аз даст бидиҳад.