Ҳизби наҳзат хостори мулоқоти рӯбарӯ бо Бозор Собир шуд
Масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ният доранд, Бозор Собирро ба маҳфили “Адабиёт ва андеша”-и ин ҳизб, ки бештар бо ҳузури чеҳраҳои маъруф баргузор мегардад, даъват намоянд. Бозор Собир, шоири тоҷик, баъд аз тақрибан 19 соли ғурбат рӯзи 27-уми майи соли ҷорӣ бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Душанбе бозгашт ва ҳоло дар пойтахт иқомат дорад.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи ҲНИТ, ба “Озодагон” гуфт, тасмими мулоқоти рӯбарӯ бо Бозор Собир дар маҳфили “Адабиёт ва андеша” бадоҳатан гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, “дар ҷавоб ба саволи баъзе бародарон Муҳиддин Кабирӣ гуфтаанд, баргузории як маҳфил бо ҳузури Бозор Собир дар ҲНИТ мушкиле надорад. Вале ин Бозор Собир аст, ки оё хоҳиши ширкат дар ин маҳфилро дорад, ё не.”
Сайфуллоҳзода мегӯяд, “ҳоло дар ин маврид ягон кори расмӣ сурат нагирифтааст. Вале умедворем, чун раиси ҲНИТ ин тасмимро гирифтааст, маҳфил дар рӯзҳои наздик баргузор мегардад.” Мусоҳиби мо афзуд, оқои Кабирӣ дар як маҳфили дигар бо Бозор Собир сӯҳбате анҷом додааст, ки хулосааш ин ҳафта дар нашрияи “Наҷот”, нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ, чоп хоҳад шуд.
Маҳфили “Адабиёт ва андеша”-и ҲНИТ бештар аз як сол боз фаъол аст. То кунун дар ин маҳфил Барзу Абдурразоқов, коргардони саршиноси тоҷик, Гулрухсори Сафӣ, шоири шинохта ва дигарон иштирок ва ба суоли аъзои ҲНИТ ва ширкатдорони ин маҳфил посух гуфтаанд.
Вале Бозор Собир дар ҳоле ба ин маҳфил даъват мешавад, ки ӯ соли 2010 дар як мусоҳибааш бо ҳафтаномаи “Миллат” гуфта буд, беҳтар аст ин ҳизб баста шавад. Ин пешниҳоди Бозор Собир дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои зиёдеро ба дунбол дошт ва ахиран худи ӯ дар як сӯҳбати дигараш таъкид карда, ки ҳанӯз дар ин фикраш, яъне бастани ҲНИТ, устувор аст.