Банкоматҳои корношоям дар Душанбе ва саргардониҳои муштариён
Дорандагони кортҳои бонкӣ дар Тоҷикистон то санаи 1-уми июли соли ҷорӣ ба 67 ҳазору 126 нафар расидааст, ки аз ин шумора 63 ҳазору 645 нафари онро нафақахӯрон ташкил мекунанд.
Дар ин бора «Озодагон» раиси раёсати бонки давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова маълумот дод. Ба гуфтаи ӯ, дар баробари пардохти нафақа, пардохти маоши кормандони буҷавӣ низ дар доираи лоиҳаи маош ба воситаи кортҳои пластикӣ амалӣ шуда истодааст. Муштариён бо кортҳои худ аз банокоматҳо ва нуқтаҳои пардохти пули нақд(пост-терминалҳо) маблағи худро мегиранд. Ба андешаи масъулини «Амонатбонк» ин механизми нави пардохти маблағ пеш аз ҳама шаффофиятро дар дастрасии нафақапулӣ таъмин мекунад. То имрӯз аз ҷониби «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе ва манотиқи ҷумҳурӣ 40 банкомат ва 74 адад нуқтаи пардохти пули нақд насб карда шудааст.
Аз рӯи маълумоти Бонки Миллӣ бошад, теъдоди банкоматҳое, ки на танҳо ба кормандони буҷавӣ ва нафақахӯрон, балки ба авсари шаҳрвандон хизмат мерасонад, дар қаламрави Тоҷикистон ба 200 адад расидааст. Аммо беш аз 70 дарсади банкоматҳо дар Душанбе ва қисми андаке дар вилояти Суғду Хатлон ва дигар манотиқ аст. Ҳоло дар Тоҷикистон 8 бонк истифодаи кортҳои пластикиро ба роҳ мондааст, ки дар миёни онҳо «Агроинвестбонк», «Ориёнбонк», « Тоҷиксодиротбонк» ва «Эсхата» дар бозори кортҳои пластикӣ бештар фаъол мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, мушкил кори банкоматҳо унвон мешавад, ки дар сатҳи паст қарор дорад. Бархе аз истифодабарандагони корти пластикӣ мегӯянд, ки аз «Тоҷиксодиротбонк» корти пластикӣ гирифтаанд ва ҳангоми гирифтани маош доим ба проблема рӯ ба рӯ мешавад. Ба гуфтаи онҳо, дар аввал кори банкоматҳо хуб буд, лекин дар чанд моҳи ахир аз филиалҳо пул гирифтан ғайримумкин гаштааст ва танҳо аз бинои марказии «Тоҷиксодиротбонк» гирифтани маблағ имкон дораду бас. {jathumbnail off}